Аз бале – балегӯиҳои атрофиёни Норбоев ва Хуҷаев раиси нави ҷамоат чун фаришта худро дар осмони ҳафтум дид ва аз мавҷудияти қонун фаромӯш намуд. Чун дониши кофӣ надошт, суханони Норбоев ва Хӯҷаевро аз ҳама гуна қонун боло медонист ва ҳама гуна пешниҳоди онҳоро, ҳарчанд бисёре аз он пешниҳодҳо бар хилофи қонун буданд, мепазируфт. Ин зодаи водӣ дунёро дар кӯҳистон бе дарвоза пиндошта, аҳолии деҳоти моро дар давоми як сол панҷ ҳазор нафар зиёд кард. Ҳарчанд дар он солҳои нобасомони қариб аз панҷ як ҳиссаи аҳолии минтақа ба дигар шаҳру навоҳиҳо муҳоҷир шуда рафта буданд. Маҳмадназаров, ки дар изофанависӣ устухон надоштааст, тавонист аҳолии деҳотро панҷ ҳазор нафар зиёд намояд. Дар ин бозии қисмат Маҳмадназарови мансабталаб аз лӯхтаке беш набуд ва аз чалласаводии ӯ истифода бурда, бо тавсияи Норбоев раиси ноҳия Хӯҷаев ба вай дастуру ҳидоятҳо медод, то ҳарчӣ бештар аз кумакҳои башардӯстонаи байналхалқӣ ба ноҳия воридшуда истифода барад...
Бинобар он ки дар давраи зимистони роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Баҳор аз маркази ноҳия канда мешуд, тамоми бори барои мардуми ҷамоат ҷудошударо “се мушкетдор” дар худи ноҳия обу лой мекарданд...
Бечора прокурору сардори милиса чи ҳам мегуфтанд, охир ин се мушкетдор ба қавле падари руҳониашон буданд ва ҳар чӣ ки медиданд, аз он чашм мепўшиданд. Шояд порагир ҳам набуданд, вале саводи кофӣ ҳам надоштанд ва аз тарси он ки курсии мансабро аз даст надиҳанд, бо ин роҳбарони қонуншикан муросо мекарданд…
Албатта, ба чунин шахсе чун Маҳмадназаров, ки на танҳо виҷдон, балки имонашро ҳам фурӯхта буд, такя кардан нишони боақлӣ набуд ва ман ба симои ин “ҳавонавард” ҳам хат кашидам…





