… 15 …
Қадри маҷмуаи гул мурғи саҳар донаду бас
24 Ки на ҳар к– ў варақе хонд, маонӣ донист…
Он ки Маҳмадназаровро дар ин ноҳияи дурдасти кўҳистон раиси ҷамоат таъин карданд, касе ҳам зид набуд. Мардумон гумон доштанд, ки Ҳукумат раисро барои обод намудани диёре, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Ватан аст, фиристодааст…
Сад афсӯс ки худи Хӯҷаев сиёсати пешгирифтаи давлатро дуруст нафаҳмид. Ў қонунро «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ба таври хеш фаҳмид. Яку якбора ягона корхонаи нонпазӣ, меҳмонхона ва ҳаммомро фурўхт ва ба қавле дар моҳи аввали ба кор омаданаш конуни давлатро дар бораи хусусигардонӣ сад фоиз иҷро кард. Шахсоне ки ин муасиссаҳоро хариданд, онҳоро аз таҳкурсиашон канда, ба хонаи истиқоматӣ табдил доданд. Бо аввалин ҳаракати хеш Хӯҷаев мардумро аз корхонаи нонпазӣ, меҳмонхона ва ҳаммом маҳрум кард. Ё чӣ хеле мегуянд:- Уштура гуфтанд ғамза кун,
Полиза вайрон карду рафт…
Чун касе пишаки раисро пишт нагуфт, ў доираи фаъолияташро дар асоси қонуни ҷумҳурӣ «Оид ба хусусигардонӣ» хеле васеъ намуд ва ҳар чӣ дар ноҳия буд, ба фурўш баровард. Хариду фурўш дар ауксион не, балки пинҳонӣ рух медод. Тамоми техникаи хоҷаги қишлоқи ин колхози овозадор, ки дигар аз он ному нишоне ҳам намонда буд ва биноҳои маъмурию ёрирасони ин хоҷагии акнун аз ёдҳо гумшуда, ки ҳар кадоме аз он биноҳо шаст - ҳафтод метри кубӣ чӯбу тахта доштану ҳафсад– ҳазор шифер бо нархи 60– 70 сомонӣ, ки он вақтҳо сад долларро ташкил медод, бо маслиҳату машварати пешакӣ ва тавсияи Маҳмадназаров, ки акнун бародари қиёматии Норбоев ва аҳлу байташ гардида буд, ба ин фарзанди “фарзона” ва “сарсупурдаи” диёр, ки ҳамдиёронашро чашми дидан надошту онҳоро ҳамеша чун ғулом дидан мехост, вале бегонапарастии ӯро дида, кас ангушти ҳайрат мегазид, фурӯхт. Маҳз дар ҷамоати деҳоти Баҳор панҷ чунин фермаи
Сухан аз Ҳ. Шерозӣ.





