Дар рафти тафтишот вазъи бади «се мушкетдорро» дида, ба хулосае омадам, ки давлат дар ҳама ҳолат назорати фарзандонашро дар мадди аввал гузошта, ҳар як кирдору рафтори онҳоро барои рўзи мабодо дар дафтари аъмолашон сабт мекардааст. Ҳамин чизро мушкетдорҳои мо ба инобат нагирифтанду акнун қиёматро бо чашми худ диданд…
… 18 …
Дар яке аз рўзҳои тирамоҳ Бону ҳамроҳи Даврон (писарам) ба аёдати ман ба СИЗО омаданд. Писарамро ба хотири Даврони Ғаюр модарам новобаста аз хоҳиши ману ҳамсарам ном гузошта буд, чунки дар ҳақиқат Давронро ҳам чун ман дӯст медошт ва шояд ба гўшаи хотир ҳам наоварда буд, ки котили Даврони Ғаюр ҷигарбандаш аст. Мо ҳамагӣ чанд дақиқа аз паси оина бо ҳам гап задем. Дар давоми камтар аз як даҳсола зиндагӣ осори хешро дар ҷабини Бону гузошта буд. Ман дар рухсораи Бону ожанг ва дар мўйҳояш торҳои сафедшударо дидам, ҳол он ки ў нав ба бисту панҷ қадам мениҳод…
Бону гуфт, ки модарам аз воқеаи ба сари Даврони Ғаюр омада огоҳ гашта, маро оқ кард. Бо шунидани ин сухан дунё дар назарам торикистон шуд. Акнун ман дар он дунё ҳам аз лутфу марҳамати модар, ки шири сафедашро ба ман набахшид, маҳрум шудам.
Ҳарчанд то суд ҳоло вақт буд, вале ояндаи банда чун ҳавои дар зери тумани баъди борони баҳорӣ монда ноаён буд…
Он чи ки дили маро дар байни чор девори бетонӣ ба зиндагӣ гарм мекард, ин ҷигарбандам Даврон буд ва ман аз даргоҳи Худованди якаву ягона орзу мекардам, ки ў аз чунин пайроҳае чун пайроҳаи ман қадам назанад...
Ниҳоят тафтишот баъди варақзаниҳои зиёди дафтари аъмоламон дар як рўзи сарди тирамоҳ ба мо айб эълон кард.
Бандаро дар куштори Даврони Ғаюр дар ҳамиштироки бо Норбоев ва Акрамов (Акрам – полвон, ки аз болояш ҷустуҷўйи давлатӣ эълон карда буданд), дар куштори Қаландаров дар ҳамиштироки бо Норбоев, Маҳмадназаров ва Хӯҷаев айбдор намуданд.





