Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 464 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 464 аз 499 · 2 ноябри 2026

Тафтишот гуноҳи бандаро дар марги холабачаи Норбоев ва ҳамроҳаш дар кўҳи азими Валвалак собит карда натавонист.
Ҳамчунин, тафтишот ҷазои бандаро оид ба иҷро накардани муҳлати ҷазо барои вайрон кардани ҷазои маъмурӣ бинобар гузаштани муҳлати дар қонун пешбинишуда ба айбнома дохил накард…
Ба гардани аъзоёни “Бюрои сиёсӣ” ба ҷуз куштор, инчунин боз аз рўи ҳашт – даҳ моддаи дигари Кодекси ҷиноятиии айб эълон карда шуд…
Ташрифов бандаро бо «Қарор» дар бораи эълон кардани айб шинос намуда, бори охирин маро ба сифати айбдоршаванда пурсид.
– Акнун парвандаи ҷиноятиро бо фикри айбдорӣ барои тасдиқ ба прокурор мефиристем,– гуфт муфаттиш Ташрифов ва бо ман худоҳофизӣ намуд…
Баъди даҳ рўз суде, ки парвандаи ҷиноии моро баррасӣ мекард, як нусхаи фикри айбдориеро ки Ташрифов тартиб дода буд, ба дастам супурд. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки бо ҳабси се мушкетдор мафия барҳам хӯрд ё не, вале дар зиндон ҳам бошад, ман сари ин масъала соатҳо андеша намуда, ба хулосае омадам, ки то замоне нафс ғолиби ҳама гуна ҳаракатҳои мост, мафия пойдор хоҳад монд ва боз ҳамон каломи аз забони қиблагоҳам шунидаро зери лаб такрор намудам: -“Кулли омин бадтар”..

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан