Соли гузашта нисбат ба солҳои пешин ниҳоят барфи зиёд борид ва ба қавли мардуми кӯҳистон то рўзи Наврӯз аз барфи зиёд кўҳу камар (зоғшин нашуда буд), яъне зоғ ҳам ҷойи нишасти хешро намеёфт ва аз ин мӯъҷизаи табиат истифода бурда, ҷавонон дар байни дигар намуди мусобиқаҳо лижатозиро низ дохил намуданд ва набераҳои дар деҳ будааш дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карданд.
Новобаста аз барфи зиёд мардум ҷашни Наврўзро бо як шукӯҳу шаҳомати хос аз рўӣ расму оини ниёгон бо ҳафтсину ҳафтшин бо дафу чанг бо рақсу суруд таҷлил намуданд.
Ҳарчанд Наврўзгоҳ дар зери қабои барф буд вале, касеро парвои он набуд ва пирони рўзгордида солро соли нек, соли ҳосили фаровон арзёбӣ мекарданд. Чун тирамоҳ ҳосилро бардоштанд, мардум бори дигар ба пешгӯии пирони барнодил боварӣ ҳосил намуданд. Ҳосил он чунон фаровон шуд, ки мислашро касе ёд надошт... Гӯё ҳамааш дирўз буд, қариб бо овози нимшунаво гуфт кампир ва майли болои бистар нимхез шудан кард.
Келин, ки дар ҳамон лаҳзаҳо сари гаҳвораи тифл суруди алларо бо овози паст замзама дошт, мақсади кампирро пай бурда, даст аз паҳлутахтаи гаҳвора пас гирифта, аз ҷой бархоста, наздаш омаду гулӯ рўшан кард:
- Шумо хубед аммаҷон?
-Хубам, хубам.
-Шояд шуморо ба ҳавои кушод барам.
-Лозим нест.
-Набошад, асоҳоятонро биёрам ва рўӣ фарш ҳарду каме гаштугузор намоем-чӣ?
-Худ шоҳид будед, ки ин амал бе натиҷа анҷомид, модоме чунин аст, беҳтараш маро азоб надиҳед.
-Охир фардо Наврўз, шумо бошед рўии бистар, дар кунҷи хона.
-Чӣ илоҷ, тадбир ба тақдири Худованд намонад.
-Биёед, беҳтараш болои курсӣ назди тиреза...
-Ин гапи дигар-гӯён пиразан дасти чапашро ҳалқа карда, омодаи аз ҷой хестан шуд.
Ҷавонзан курсии мулоимеро назди тиреза монд ва чанд қадам то пеши бистари бемор гузошта, қомати мисли алиф росташро чун аломати савол ба таъзими хушдоман дуқат намуд...





