Пиразан дасти чапашро чун ҳамешагӣ ба гардани келин ҳалқа намуда, ба дасти росташ панҷаи дасти чапашро чун ҳалқаи занҷир бипайваст.Ҷавонзан бо дасти чапаш пойи чапи кампирро дошта, дасти росташро дар камарбанди ў ҳалқа намуда, оҳиста –оҳиста қоматашро рост кард...
-Монда шудам.
Ҷавонзан имкон дод, то хушдоман нафасашро рост намояд ва баъди каме дилбардорӣ ҳарду оҳиста-оҳиста то пеши тиреза омаданд ва ӯ бо ёрии келин ба мулоимкурсӣ нишаста, аз паси тирезаи кушодаи ошёнаи дуюм чашм ба саҳни ҳавлӣ дӯхт.Дар нисбати рўзҳои пешин он рўз саҳни ҳавлӣ, ки чор тарафашро биноҳои баландошиёна иҳота карда буданд, қариб, ки бозорро мемонд...
Дар як кунҷи ҳавлӣ сари оташдон чанд зан машғули пухтупаз буданд.
Дар самти муқобили оташдон марде тирезаи хонаашро рангубор дошт.
Дар зери маҷнунбеди лаби ҷўӣбор ҷавони навхате гулдастае дар даст касеро интизорӣ дошт.
Дар ин рўзе.ки аз омад-омади соли нав мужда медод, писарбачаву духтаракони синни томактабӣ низ саргарми бозиҳои хеш буданд. Мавҷи андешаҳои пиразан дар ҳамин лаҳза каме лаппиш хӯрд. Не, ў он маҳалеро, ки хуни нофаш рехта буд, дар ёд надорад. Аз рўзе, ки худро шинохт, худро дар ҳамон деҳаи сербарфи кӯҳистон дид. Дар маҳале ки новобаста аз ҳама инҷиқиҳои табиат мардумаш дар ягон давру замон кӯлвори гадоӣ ба китф нагирифта. Ба ҳама мушкилоти давр ва инҷиқиҳои табиат нигоҳ накарда, ў нону намаки онҳоеро, ки дар тарбияаш саҳм гузошта буданд, пос дошт ва то имрўз чароғи хонадони бобои Ҳомидро фурўзон медорад... Доду фарёди кӯдакони дар саҳни ҳавлӣ буда мавҷи андешаҳои нафареро, ки акнун пой равон надошт, боз парешон намуд. Пиразан бо азобе дар байни онҳо ҳарду набераи шаҳриашро шинохт.
Аз тарафи роҳи калон нафаре калавида-калавида вориди майдон шуд. Марди мастро дида кӯдакон чунон мағал бардоштанд, ки ҳатто занҳои дар сари танӯр буда нигоҳашонро ба ҳамон самт дӯхтанд.





