Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 468 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 468 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҷавонзане аз сари танӯр ба сўии майдон ҳаракат намуда, аз зери оринҷи он марди маст бигрифт ва сипас ба гӯши ”қаҳрамон” оҳиста чизе гуфт ва мисли оне, ки ҳодисае рух надода бошад, ҳарду паҳлуи ҳам ба самти бинои муқобил ҳаракат намуданд.
Амали ҷавонзан мақоли халқии “сари кафида зери тоқӣ беҳтар”-ро ба хотираш овард ва мавҷи хаёлоташро ба соҳили дигар партофт...
-Духтарам, аз хотир набарор, ки “мард шер асту зан шербон ва аз шер будан шербон будан душвортар аст,” мегуфт хушдоманаш, ки ба ў ҳукми модарӣ ҳам дошт. Пиразан дар симои он ҷавонзан ромишгари хуберо дид, вагарна, кӣ медонист он “шери жаён” боз чӣ нағмаҳое намекард. Нафаре, ки аз пойи равон маҳрум буд, боз аз пушти тирезаи ошёнаи дуюм ба саҳни ҳавлӣ нигарист. Духтаре бо дасти росташ дасти чапи додарчаашро дошта, ба тарафи маҷнунбед омад. Ҷавони дар зери дарахти маҷнунбед дар интизорӣ буда ду –се қадам ба истиқболи нафари ба вохӯрӣ омада гузошта, гулдастаро ба сӯяш дароз кард. Духтар дасти кӯдакро сар доду гулдастаро гирифта бӯид ва сипас дасти чапашро болои қафаси синааш гузошта, бо табассуми зебое чун арўсон таъзим кард. Писарак мисли оне, ки аз қафас раҳо шуда бошад, ба тарафи роҳи калон давид, вале афсӯс он ду дилдода лаҳзае ҳам бошад, вайро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода буданд. Нохост чун балои осмонӣ зани лоғарандоме дасти писарбачаи фирориро дошта, чун ҳамон марди маст вориди майдон шуд. Ў рост ба сӯи маҷнунбед ҳаракат кард ва қариб буд ҳарду “гунаҳкор”-ро сари суҳбат даст гирад, вале духтар омадани вайро дида, худ шитобон ба истиқболи модар (агар ў модараш будӣ) ҳаракат кард ва дар зери борони таънаю маломат монд...
Ҷавон ин ҳолатро дида, ба ёрии маъшуқааш шитофт, то модари духтарро ором созад, вале бо ин амали хеш болои сӯхта намакоб пошид ва зан гулдастаро аз дасти ҷигарбандаш гирифта, ба тарафи ҷавони ба вохӯрӣ омада ҳаво дод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан