Сафаралӣ, Ҳошим ва Малика фарзандони Арўсмо ва Қурбоналӣ писари Амиршо вориди хона шуданд. Пиразан ба хотири онҳо ба қавле нияти аз мулоимкурсӣ бархестан кард,вале...
-Наврўз муборак, холаҷон, наврўз муборак аммаҷон!- гуён нафарони ба аёдати хола омада, пас аз салом дар муқобилаш нишастанд. Сари як пиёла чой онҳо каме суҳбат намуда, сипас узри зиёде пеш оварда, аз пайи корашон рафтанд. Чун ў танҳо монд, боз андешаҳои пешин дунболагираш шуданд...
Духтарча чун хурд буд, ба муҳити наву хонадони нав тез унс гирифт. Онҳое, ки ўро ба фарзандӣ гирифта буданд, дар ҳақиқат инсонҳои нек буданд. Ба вазнинии замона нигоҳ накарда, пиру кампир кӯшиш мекарданд духтарча худро бекасу кӯй эҳсос накунад. Ҳарчанд онҳоро писаре ҳам буд, вале садри маҷлиси хонадон ҳамин духтарчаи аз деҳаи Ёхсу омада гардид.
Пирамард ўро духтари Шоҳ (яъне Амир) мегуфт. Шояд инро сабаби дигар ҳам буд, чунки бисёре аз мардони деҳаҳои атроф низ Амирро мешинохтанд ва чун ҳокими як минтақаи бузург ўро эътироф мекарданд. Нафароне, ки боре аз роҳи Шугнов ба тарафи Кӯлоб рафта буданд, дар бораи дороии ин марди акнун ба каҷкули гадо муҳтоҷгардида мегуфтанд: - Агар моли дунё вафо мекард, ба ҳамон Амири Ёхсучӣ вафо мекард. Бо гузашти солҳо, вақте ки ў бадро аз нек фарқ мекардагӣ шуд, фаҳмид, ки чаро падари кулакашро ба Сибир бадарға накарданд. Ҳамаи инро сабаб он будааст, ки Амир замоне нафари бекасу кӯеро тарбия намудаву ба шоҳроҳи ҳаёт гусел карда. Маҳз ҳамон нафар дар НКВД соҳиби вазифа гардида, номи мӯйсафедро аз рўӣхати нафарони ба Сибир мефиристодашуда хат задаст.
Пиразан бошад, ўро ба номи модараш ҷеғ мезад, ба номи модаре, ки ў ҳеҷ симояшро дар ёд надошт... Тайи ҳаштод соли умр рўзе набуд, ки ў симои модарро пеши назар оварданӣ нашавад, вале ҳайҳот, ин ҳама як фикри хом буду бас ва акнун вай ин дарди ҷонсўзро бо худ ба гўр мебарад. Вақте ки худ аллакай модар шуда буд ва сари гаҳвораи тифлаш суруди





