алларо мехонд, аз радио сурудеро шунид, ки умрбод дар ёдаш нақш баста:
Тифл мондам аз ту модар рўӣ ту дар ёд нест, Қомати ту, рўӣ ту, абрўи ту дар ёд нест...28 Бо шунидани ин суруд гумон кард, ки шоир онро маҳз барои модари ў гуфтааст ва ҳамин андеша алами солҳо дар қалбаш нуҳуфтаро боз рўшан кард ва он қадар ашк рехт, ки ҳисобаш нест. Баъди рафтани Сафаралӣ Ҳошим, Малика ва Қурбоналӣ ў боз саҳнаи зиндагии хешро аз лаҳзаи ба дунё омаданаш, ки аз забони падар ва апааш шунида буд, ба ёд овард...Ҳангоме ки ў яксола будааст, модараш аз олам даргузашта. Сипас, падарашро, ки марди номдор будааст, нотавонбинонаш ба Ҳукумати болшевикҳо чун кулак, муаррифӣ намуда, бо дастгири ҳамон Ҳукумат тамоми давлату сарваташро талаю тороҷ намуданд ва бо амри тасодуф нафаре ба хотири нону намакаш номи ин кулакро аз рӯйхати нафарони ба Сибир бадарғашуда хат задаст. Ўро то сесолагиаш апаи калониаш Мушкиявшон ҳамроҳи духтарчааш Арӯсмо ба воя расонида. Ба тавре апаи бузургаш ба вай ҳукми модарӣ дошту духтарчааш Арӯсмо ҳукми хоҳарӣ.
Ҳарчанд вай аз Арӯсмо ҳамааш шуда як сол калон аст, вале дуюми ўро хола мегӯяд ва натанҳо ў балки фарзандонаш низ вайро хола мегуянд ва меҳрубониҳои онҳоро дида, кампир шукрона мекунад, ки фарзандони Арӯсмо холаи модарашонро чун худи модарашон дӯстдориву эҳтиром мекунанд.Тӯли ин чанд моҳе ки вай дар бистари беморист, ҳафтае набуд, ки фарзандони Арӯсмо ба аёдаташ наоянд. Ҳатто хоҳари кампираш Арӯсмо, ки худ мубталои бемории “қанд” аст, сечор маротиба аз Фархор ба хабаргириаш омад...
Падар ҳам аз рўӣ имконият гоҳ-гоҳ ўро хабар мегирифт ва ҳангоме, ки духтарча дар синфи сеюм мехонд, падар ба талаби фарзандаш омад ва нияти ўро бо худ бурдан кард.
Онҳое, ки ўро ҳафт сол чун фарзанди хеш калон карда буданд, аз ин талаби ногаҳонӣ ҳатто дасту по хӯрданд, чунки нуҳ сол пеш ҳангоми муҳоҷират ба Кӯлоб дар байни як сол панҷ
Сухан аз М. Турсунзода.





