Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 476 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 476 аз 499 · 2 ноябри 2026

писарро аз даст дода буданд ва акнун намехостанд аз нафаре, ки чун якаписарашон дӯсташ медоштанд, ҷудо шаванд.
-Сарамон ба осмон мерасид, агар ҳалли ин масъаларо ба души духтаратон вомегузоштед. То имрўз мо ўро аз фарзанди ягонаамон боло донистему кам не. Акнун нуқтаи назари ўро дар ин бора донистан мехоҳем ва шумо ҳам бояд қавл диҳед, ки интихоби духтаратонро мепазиред.
-Ман розӣ.
Нафаре, ки падар ба талабаш омада буд, дар синфи сеюм мехонд ва дар он лаҳзаҳо дар мактаб буд. Нафари ба суроғи фарзанд омадаро ба ҷуз интизор шудан дигар чорае набуд. Болои сӯхта намакоб, боз вай ба Ҳомиду ҳамсараш ваъда дод, ки интихоби духтарашро мепазирад...
Соате пас духтарча аз дарс баргашт, падарро дида худро ба оғӯшаш партофт. Маҳз аз ҳамин лаҳзаи муносиб истифода бурда, падар матлаби дар дил дошта ва мақсади ташрифашро баён кард.
-Ман намеравам,- гуфт нафаре, ки ҳанўз аз даҳонаш бўӣи шир меомад.
-Охир ман падари аслият ҳастам ва аз рўйи зарурят туро ба тарбияи инҳо, ў ба тарафи Ҳомид ва ҳамсараш ишоранамуд, додам. Аз рўӣ зарурят мефаҳмӣ духтарам?-қариб бо овози гирифта ва илтиҷоомез гуфт нафаре, ки бо сад орзую умед ба талаби фарзандаш омада буд.
-Инҳо ҳам барои ман бегона нестанд. Илтиҷо мекунам, падар, маро дубора сағира накунед,-оби чашм карда гуфт духтар.
Пиру кампир, ки то ин лаҳза аз рўӣ шарти пешакӣ каломе ба забон наоварда буданд, фақат як оҳи сабук кашиданд, чунки тайи ин чанд сол қавлу амали Амири Ёхсуро медонистанд. Онҳо боварии комил доштанд, ки Амир сарашро медиҳаду суханашро не.
-Чӣ илоҷ! Бурд бурди шумо, домуллои муҳтарам,-ба чашмони пирамард нигариста гуфт Амир ва аз ҷойи бархест...
Соле пас ў омада духтараш ва онҳоеро, ки тайи қариб даҳ сол дар тарбияи фарзандаш саҳмгузор буданд, ба меҳмони талабид. Бори аввал ў ҳамроҳи волидайн, ҳамроҳи онҳое, ки тайи чанд соли охир зери як бом истиқомат дошт, дар арафаи иди Наврўз ба деҳаи Сафедхок, ки падараш акнун муқими он ҷо буд, ба меҳмонӣ рафтанд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан