Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 478 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 478 аз 499 · 2 ноябри 2026

Гумон дошт хоҳарро бо ҳамин роҳ аз шавҳар ҷудо месозад. Онҳо бо ҳамин аҳвол то сари кӯпуруки Ҳамадак, ки аз деҳа дар масофаи беш аз як километр ҷойгир аст, рафтанд ва маҳз бо зорию таваллои апааш Мушкиявшон акааш Шоҳхӯҷа аз аспи ҷаҳл фаромада, тифлро ба дасташ дода гуфт:
-Агар зинда бошам, баъди даҳ сол боз меоям. Ва айнан чунин ҳам шуд ва бори дуюм бародар вақте ба Сағирдашт омад, ки ҳамон тифли рабудааш дар синфи чорум таҳсил мекард, вале ҳамаи ин хеле баъд буд хеле баъд...
Ҳамааш чун косаи навбат буд ва на танҳо ҷавонон, балки мардони то синни панҷоҳсоларо низ ба хизмат мефиристоданд.Танҳо баъди анҷоми ҷанг ва бозгашти баъзе аз мардони синнашон ба ҷое расида мардум фаҳмиданд, ки гурўҳи дуюми ба фронт рафта, дар баталиёнҳои коргарӣ хизмат намуданд.
Дар аввалҳои соли 1942 ҷуръаи майро аз ин косаи давр аҳли оилаи онҳо низ нӯш карданд. Дурустараш, ягона сарпарастро, ки пушту паноҳи ў ва модараш буд ба ҷанг фиристоданд. Рост гуфтаанд,ки ҳазрати Азроилро чӣ парвои бачаи мардум ва дар ҳамон солҳо ҳам аслан санг ба сари камбағал мешикаст.
Дар он солҳои барои Ватан тақдирсоз нафароне ҳам буданд, ки бо ҳар баҳона ба чашми давлат хок пошидаю аз хизмат канораҷўӣ мекарданд. Чун ҷавонони асил ба ҷанг рафтанд, маҳз ҳамон хонашерони майдонғариб сари мансаб омаданд. Рафтори баъзе аз онҳоро дида кас ангушти ҳайрат мегазид. Баъзан мардуми аз дасти чунин хонасалотҳо ба дод омада байни худ мегуфтанд.
Ба дунё намондаст шеру паланг, Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг.
Пиразан боз аз тиреза ба саҳни ҳавли нигарист ва чун боварӣ ҳосил намуд, ки пиру барно дар омодасозии Наврўзгоҳ саҳм гузошта истодаанд, каме осуда шуда, боз сари андешаҳои хеш дода шуд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан