Он рўз аз деҳи онҳо яку якбора нуҳ нафарро ба ҷанг фиристоданд, ки ба ҷуз шоҳи хонадони онҳо боз ду ҷавони ҳамсоя Абдулло - писари момои Маҳин ва Ҳақназар - писари момои Қимат ҳам буданд.
Ҷудоӣ аз шоҳи хонадон, ки беш аз даҳ сол бо ў якҷоя зиндаги дошт, барояш осон набуд. Аслан ҳар ду ҳам чун бародару хоҳар ба воя расида буданд. Дар нисбати бародар ў эркаи хонадон буд, ҳарчанд падар ўро духтари Шоҳ мегуфт ва модар вайро бо номи модари аслиаш ҷеғ мезад. Дар ҳамон шабу рўзе, ки ў бародарро ба ҷанг гусел кард, сенздаҳсола буд.
Сараввал модар бародарашро ба оғўш гирифта, ба гӯшаш чизе гуфт. Сипас, ў худ бори аввал сарашро ба китфи бародар гузошта, ашк рехт ва дар интиҳо бародар сари ўро бардошта рост ба чашмонаш нигариста гуфт:
- Гиря накун духтари Шоҳ, ман, албатта, бармегардам, бо зафар бармегардам, барои ту бармегардам, фақат аз ту як илтимос дорам...
-Туро гӯш мекунам, акаҷон.
-Ман дар ин дунё ба ҷуз ту ва модарҷонам касе надорам, мефаҳмӣ?
-Ман ҳам.
-Набошад, модарҷонамро ба ту ба туро амонат ба Худо месупорам. Маро интизор шав, духтари Шоҳ...
-Чаро духтари Шоҳ гуфт? Ҳамеша номамро ба забон меовард, вале имрўз баракс ё тавба чаро ин даъфа хоҳарам нагуфт? Духтари Шоҳ.
Духтари Шоҳ, тарзе сухан гуфт, ки гӯё номамро фаромӯш намуда бошад ва ё шояд ин суханро калонгарона аз номи худораҳматии мўӣсафед гуфт...
Номаҳои бародар аввалҳо аз Шаҳрисабз ва баъдтар аз Украина меомаданд. Дар болои лифофа “Почтаи саҳроӣ” навишта шуда буд, вале номанавис дар кадом самт буданашро менавишт. Дар ҳар номааш менавишт, ки Ғалаба бо мост, чунки мақсади мо ин ҳимояи хоки Ватан аст. Бародар ҳимояи хоки Ватанро аз нигоҳи таърих як бартарие ба манфиати худ ва халқи хеш медид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




