Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 481 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 481 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар яке аз чунин шабҳо, ҳангоме ки ў ва модараш сари сандалӣ суҳбат доштанд, касе ба дар ангушт зад ва чун ў рўзи дароз дар кор буд, модар худ аз ҷойӣ бархоста рафта дарро кушод...
Ҷавони асо ба дасте дар либоси низомӣ пеши дар рост меистод.
-Шуморо гўш мекунам, ба фикрам, роҳро гум кардаед, вале бубахшед, ки имкони ба хона даъват намуданатонро надорам,-овоз рўшан намуд кампир ва аз садои нобаҳангоми модар, ки чун мусиқии ноҷӯр на навои илтифоташ маълум буду на илтиҷояш, вай низ маҷбур шуд аз сари сандалӣ бархеставу ба ёрии кампир шитобад.
-Ин манам, очаҷон, писарат...
-Вақти шӯхиатро ёфтӣ, бачам, бе ин ҳам дилам барои писари ягонаам, нури чашмам,чароғи хонадонам хун аст. Рав, писарам, ин ҷо ман духтари қадрас дорам ва намегузорам, ки чашми баде ба ў расад. Беҳтараш ба хонаи раис рав, шабатро рўз намуда, фардо роҳатро давом медиҳӣ,-гӯён модар хост дарро ба рўӣ меҳмони нохонда бипӯшад.
Дар рўшноии хираи сиёҳчароғ чашми меҳмони нохонда ба рўӣ ў бархӯрд, ки гуфт: - Духтари Шоҳ, чаро ту хомӯшӣ?
-Духтари Шоҳ гуфтед,- пурсид соҳибхона.
-Ҳа, духтари Шоҳ.
-Росташро гўй, ту духтари маро аз куҷо мешиносӣ? Агар зангир ҳам бошӣ, ман ўро ба ту намедиҳам. Ман худам ўро чун модар калон кардам ва орзу дорам, ки рўзе вайро паҳлуи писарам чун арўс бубинам. Акнун рав! - гӯён кампир боз кӯшид, ки дарро ба рўйи он ҷавони асо бадасти дар либоси ҳарбӣ буда бипӯшад.
Вуҷуди духтар аз суханони шунидааш биларзид. Ана ба кадом хотир онҳо маро парасторӣ намудаву калон карданд.
Нафареро, ки ман модар мехондам, мехоҳад хушдоманам шавад, пас онеро ки муҳаббаташро чун бародар дар замирам мепарастидам, ин суханонро шунида, чӣ мегуфта бошад,-аз дил гузаронид духтар ва бо овози шунаво гуфт: - Модарҷон, шумо чиҳо гуфта истодаед, наход ман...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан