-Ман чӣ гуфтанамро медонам, беҳтар мешуд ёрӣ медодӣ то дарро ба рўии ин меҳмони шабгард пӯшида, маҳкам мекардем.
-Очаҷон охир ин манам. Наход кас фарзанди худашро нашиносад?!
-Ҳеҷ аз шӯхиҳоят намондӣ, бача, ҳашт моҳ боз аз писарам хатту хабаре нест, агар ў соқу саломат мебуд, дар ҳашт моҳ як хат наменавишт? Илова бар ин, писари ман мисли худат асо гирифта намегашт.Аз роҳат намон бача ва моро ба ҳоли худ гузор.
-Дар ин нисфи шаб ман ба куҷо равам, модоме модарам ва духтари Шоҳ...
-Чаро яку якбора ба даҳон об гирифтагӣ барин хомўш шудӣ?
-Ман дигар ўро мисли пештара ном бурда наметавонам.
-Чаро?
-Чунки шумо, модарҷон, ўро келин хондед.
-Ин ба ту чӣ дахл дорад ё аллакай бо ў ( модар бо қошу қавоқи гирифта ба тарафи духтараш нигарист) гапро пазонида омадӣ ?
-Не, баъди се сол ман ўро низ мисли шумо, модарҷон, бори аввал дида истодаам, наход бовар накунед, ки ҳамон писари ба ҷанг фиристодаатон ин лаҳза дар рў ба рўятон пушти дар истода.
-Писари ман хол дошт.
-Аз ин нишонаи Оллоҳ таолло ман ҳам бенасиб нестам.
Ҳарчанд ў акнун бародарро шинохта буд, вале муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт то бубинад боз чӣ мешавад.
-Ў дар бари рухсорааш ҳам хол дошт.
-Ман ҳам.
-Бовар намекунам.
-Оё беҳтар нест,ки чароғро биёреду ба ин баҳси беохир нуқта гузорем, бояд гӯям ки аз рост истодан пой маҷруҳам ба дард даромад.
-Майлаш худат даромада, ҳамроҳи ман ист, духтарам рафта ҳамсояро ҷеғ мезанад.
-Бибии Қиматро?
-Ту ўро аз куҷо мешиносӣ?





