Вай боз суханони дар остонаи дар гуфтаи он ҷавони то ба ҳамон лаҳза ношинос: -. “Дар ин шаб ман ба куҷо равам, модоме шумо модарам ва духтари Шоҳ...”
-Чаро хомӯш шудед?
-Чунки ман вайро мисли пештара ном бурда наметавонамро ба ёд овард.
Аз ин бармеояд, ки бародар низ чун ман аз шунидани ин сухан ҳайрон шуда,-аз дил гузаронид духтар ва нигоҳашро аз фарш бардошт, вале ин даъфа кӯшид, ки чашмаш ба чашми сарбоз нарасад.
Аскар вазъи духтарро пай бурд, ки худ нигоҳашро ба фарш дӯхт ва аз ҳамин фурсати муносиб истифода бурда, духтар бо нигоҳи яклаҳзаинаи хеш сар то қадами ўро палмосид ва новобаста аз рўшноии хираи шабчароғ ба хулосае омад, ки...
Нафаре, ки ҳамроҳи вай беш аз даҳ сол зери як бом зиндагӣ дошт, новобаста аз ҳамаи азобҳои дар ҷанг кашидааш бузургҷуссатар шудааст. Симои зоҳирии вай дар давоми ин се сол тағйир ёфта буд ва шояд ҳамаи инро сабаб мўйлаби сиёҳ ва мӯйсари марғулааш буд. Духтар ҳатто дар овози вай тағйироти ҷиддиеро ҳис намуд. Овози ҷавон чун овози мардони солор ғафс шуда буд. Ба андешаи кунунии духтар маҳз ҳамин тағйирот сабабгори дар лаҳзаи аввал ҳамдигарнофаҳмии модару писар гашт.
-Духтари Сайрон, чаро ба даҳон об гирифтагӣ барин хомӯш нишастаӣ?
- Чӣ гӯям, модарҷон?
-Ҳарчи дар дил дорӣ, гуфтан гир, охир шумо бори аввал нест, ки ҳамдигарро дида бошед. Хуб буд ё бад ҳардуятон солҳои зиёде зери як бом зиндагӣ намудед, наход баъди ин чанд соли ҷудоӣ сухани гуфтание надошта бошед?-дубора таъкид кард модар.
-Беҳтар мешуд шумо сухан мегуфтед, модарҷон,-овоз рушан кард ў ва боз муҳри хомӯшӣ ба лаб зад.
Эҳтимол модар мехост ба ин васила духтарро ба суҳбат кашад ва акнун, ки шоҳи хонадонаш дар паҳлуяш буд, дар ҳузури бибии Қимат дигарбора мақсаду мароми дар дил доштаашро баён намояд, вале парвардааш муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифту ўро ба андеша намудан ҳидоят кард.





