Аз тарафи дигар, эҳтимол модар намедонист, ки пешниҳоди нобаҳангомаш мақбули дили ин ду ҷавони замоне зери як бом зиндагӣ намуда шуд ё не. Чун соҳибхона риштаи суханро ба дигар тараф бурд, духтар ба хулосае омад, ки модар пеш аз пода чанг андохтанӣ нест ва, албатта, дар танҳоӣ боз сари ин масъала хоҳад баргашт...
Ў хеле дер фаҳмид, ки дил додану дил рабудан кори осон нест ва ҳамаи ин “додугирифт” –ро дар забони муҳаббат савдои умр ном буда, ва ин савдо муносибати нек, вале қотеъонаро талаб мекунад...
Дар ҳамин ҷо андешаҳои пиразан, ки аз пойи равон маҳрум буд, дакка хӯрд ва дафтари хотироташ хеле варақгардон шуд...
Бо гузашти солҳо вақте, ки писаронаш парвозӣ шуданду дар замирашон муҳаббат лона гузошт, ў ва мӯйсафедаш (илоҳо рўҳаш шоду манзили охираташ обод бошад) мавқеи хешро дар ин самти фронт ҳимоя карданӣ шуданд. Аз чор ҳолат дар се ҳолат онҳо ғалаба карданд, чунки се писар аз хати кашидаи онҳо берун баромадан нахостанд, вале нафаре ки дар нисбати дигар фарзандон аз рўйи хислати хубаш волоят пайдо карда буд, зиндагиро дар деҳа напазируфта, шаҳрро ҷойи зисти доимии хеш интихоб кард ва чун сухан дар атрофи хонадоршавиаш рафт, суханони волидайнро ба як тини зард ( пули хурди замони СССР аз 5 то 1 тин) қадр накарда, аз рўйи “муҳаббат” ба қавле бо нимашрофзодадухтаре хонадор шуд ва оқибат муҳаббати аввалааш ба боди фано рафт ва хеле хуб ҳам шуд, ки чунин шуд. Чунки ним ашрофидухтар қадри шавҳари бо фиреб ба дом кашидаашро надонист ва баъди дар ҷанозаи писари бародари калони шавҳар Абдумаҷид иштирок накарданаш, иштирок кардан он тараф истад, дар рўзи ҷаноза аз бандагони Худо, ки ба ҷаноза омада буданд, он тараф истад, балки аз Худо шарм накарда, пероҳани сурх ба бар карда, барои гузаронидани кадом як консерте рафт, бе ин ҳам “ муҳаббат”-и сарди шавҳарро пурра аз даст дод ва баҳри пойдории оила борҳо силоҳбадастонро ба сари шавҳар овард, то нафареро, ки бо ҳилаю найранг ба дом кашида буд, боз дар банд нигоҳ дорад, бехабар аз он, ки кӯр як бор асояшро гум мекунад.





