Овозаи бозгашти аскар аз ҷанг чун мусиқии форам дар фазои деҳа танинандоз гашт. Аз сари субҳ мардум ба хонаи онҳо барои вохӯрӣ ба аскари аз ҷанг баргашта ва табрики ўву модараш омаданд. Сараввал бобои Раҷаб ва момои Маҳин, сипас холаи Мастура ва холаи Гулсуман ба дари кулбаи фақиронаи онҳо ангушт заданд. Қариб тамоми рўз аҳли деҳа ба дидорбинӣ омаданд, яке меомаду дигаре мерафт ва шоҳи хона низ лаҳзае танҳо намонд, ки ба суолҳои вай посух гӯяд...
Духтарони ҳамсолаш ўро аз омадани бародар табрик намуданд ва ҳатто нафаре бо нозу карашма ба вай гуфт: - Чӣ қадар мехоҳам, ки янгаат бошам.
-Беҳтараш ин гапро рафта ба модарам гӯед.
-Наход дугона шудаву ҳамин як гапи одиро ба гӯши модарат расонида натавонӣ.
-Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст ва агар ин калом аз забонат берун ояд, ба ҷонам қасам як амали некеро анҷом медиҳед.
-Мегуфтам, вале метарсам, чунки намехоҳам модарат дар нисбати ман гумонҳои бад барад.
-Набошад, рози дилатро ба худи Шоҳ бигӯ!
-Ба кадом Шоҳ?
-Ба писари модарам.
-Ба ту чӣ шуд ,чаро ўро бародар намегӯӣ?
-Ўро Шоҳ гуфтам, магар ин кам аст?
-Рашкамро набиёр, мефаҳмӣ?
-Чӣ хел рашк, ту чиҳо гуфта истодаӣ?
-Пас чаро ўро бародар намегӯӣ?
-Чунки модарам намехоҳад.





