Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 488 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 488 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун акнун ў пойи равон надорад, бештари вақти хешро дар паҳлуи радио мегузаронад. Тайи мудати бистарӣ буданаш ў борҳо аз забони ровиёни радио барномаи “Ҳикмати бузургон “- ро гӯш кард ва ба хулосае омад, ки фарзандаш бори дуюм ҳам дар интихоби ҳамсар ба хато роҳ додааст. Новобаста аз он ки ҳамсари дуюми фарзандаш инсони бад нест ва тақдир дар бахти аввал ба вай низ вафо накардаву бо як тифл аз шавҳари аввалааш ҷудо шуда, гоҳ гоҳ сар задани низоъҳои оилавӣ боиси мушаввашии хотироташ гаштааст. Ҷангу ҷанҷоли келини наву фарзандашро дида, нафаре ки акнун радио мунису ҳамдамаш гардида буд, суханони Рудакии бузугворро дар қироати ровӣ Хайруллоҳи Иброҳим: “Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рўзгор, Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор”-ро боз ба ёд овард ва дилаш ба фарзанди роҳгумнамудааш сўхт. Не, агар ў пой равон медошт, ҳаргиз ба низоъҳои хонаводагии фарзандаш тоқат намекард.
Баъзан писари беандешаашро гўшмол доданӣ шуда мегуфт: - “Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки зани шавҳар мурдаро пўф ва зани аз шавҳар баромадаро туф карда бигир “ ва ҳамон зани аз шавҳарбаромада тайи ду - се моҳи охир дар хизматаш буд, вале дили кампир аз ҳоли худаш дида, ба ҳоли фарзанди дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгумзадааш бештару бештар месӯхт, чунки писараш ба ҷойи хатои аввалаашро ислоҳ намудан ба ҳикмати бузургон, ба хулосаи мардуми ориф, ки аз таҷрибаи рузгор баҳра бардоштаву мардумонро ба роҳи рост ҳидоят намуданд, панд нагирифт,ки нагирифт...
Тифли дар гаҳвора буда гулу рўшан кард ва кампир аз тиреза келинашро ово намуд.Чун гаҳвора дар хонаи шафат буду пиразан пойи равон надошт, то омадани модараш набера қариб буд хонаро ба сар хезонад ва чун садои алла дар сари гаҳвора танинандоз гашт, “инқилобчӣ” ба санаи “таслимшавӣ” имзо гузошт...
Дар зери навои гиряи тифл ва суруди аллаи модар, ки давоми умри инсонист, пиразан сарнавишти хеш ҷўё шуд ва ба хулосае омад, ки ҳарчанд дасти шахшули зиндагӣ аз гиребони модараш бигирифту ўро ятим кард, вале Худованд боз ба вай модари меҳрубоне ато кард ва вай бо одобу рафтори неки хеш мақбули аҳли он кошона гашт ва ба хотири фурўзон мондани чароғи кошонаи нафароне, ки ба нодории хеш ва қаҳтии он солҳои пӯрошуб нигоҳ накарда, ятимдухтареро ба фарзандӣ қабул намудаву тарбия карданд, Оллоҳ таолло фарзанди ягонаашонро аз ҳама балову офатҳо эмин дошта, чун амонат ба наздашон баргардонид...”Шояд оғози муҳаббати ман ва шоҳи хонадон низ як қисме аз нақшаи ҳамин сарнавишт буд,”- аз дил гузаронид кампир...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан