Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 493 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 493 аз 499 · 2 ноябри 2026
  • Шояд ҳоло ҳамааш аз таъсири шамол бошад ва наход дар он лаҳзаҳое, ки ба ҷанг мерафтед, ба ман он қадар таваҷҷуҳ намуда бошед, ки акнун ин ду лаҳзаи таърихи беш аз сесоладошта мавриди қиёс намуданатон гардида аст.
  • Дигар гулро сармо намебарад, пас чӣ тавр метавонад шамол ба рухсораҳои чунин як паризоде таъсир расонад? Охир мо дар арафаи Наврӯз истодаем. Вазъи рухдода ҳаминро тақозо мекард, ки банда дар лаҳзаҳои охирини дидорбинӣ бо ту сари тақдири минбаъдаамон андеша намоям, ҳарчанд ба ҷанг мерафтам, вале модар дар ҳамон лаҳзаҳо як шӯълаи умедеро дар замирам бедор намуд ва ҳамон шӯъла маро аз тамоми балову офатҳо нигоҳ дошт.
    -Яъне, ин масъала се сол пеш мавриди таваҷҷуҳи шумо ва модарам гардида?
    -Он лаҳзаҳо вақти баҳс набуд ва танҳо як сухани модар чашми маро ба зиндагӣ боз кард, акнун он лаҳзаро ба ёд овардӣ?
    -Не, гуфтам-ку, дар ёдам нест,-нигоҳашро ба замин дӯхта гуфт мусоҳиби аскар. Рухсораҳои бе ин ҳам арғувонии духтар аз шарму ҳаё оташ гирифтагӣ барин кулчаи ширмоли нав аз танӯр беруновардаро мемонданд ва ҳамаи инро ҷавон аз нигоҳи хеш ба манфиати худ шарҳ дод.
    -Ту дурўғ гуфта наметавонӣ, духтари Шоҳ ва ҳар гоҳ ки барои чунин амал кӯшиш ба харҷ медиҳӣ, рухсораҳоят чун кулчаи ширмоли нав аз танӯр буруноварда лолагун мешаванд ва ҳамин лаҳза ту дар чунин вазъ қарор дорӣ. Оё беҳтар нест, ки ҳақиқатро бигўйиву худро аз азоб раҳо созӣ!
    -Кадом ҳақиқатро донистан мехоҳед, ман то дишаб шуморо бародарам, ҷону дилам, тоҷи сарам медонистам, вале шумо ҳамроҳи модарҷонам ба ман чӣ кор кардед?- нигоҳашро аз замин набардошта, бо овози ҳазини қариб гиряолуд гуфт вай.
    -Ман чӣ гуноҳ дорам? О, ҳама он суханонро модарам гуфт ва ту худ шоҳид будӣ, ки дар он лаҳзаҳо ман каломе ба забон наовардам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан