-Вале ба андешаи ман дар ин бора маълумоти кофӣ доштед?
-Охир ман дар ҷанг будам, маълумот аз куҷо?
-Вале ақидаи ман дар ин бора дигархелтар аст.
-Шуниданаш мумкин?
-Чаро не.
-Хуш бошад.
-Он рўз баъди хайрухуш бо модар ту ба назди ман омадӣ ва тарзе сухан гуфтӣ, ки дар ягон чаҳорчӯбаи ахлоқ намеғунҷид, ба фикрам, модар дар ҳамон лаҳзаи охир ба гӯшат чизе гуфт, вагарна кадом бародар метавонад ба хоҳараш чунин суханони пур аз муҳаббат гӯяд, вале мани беақл ҳамон вақт ба гуфтаҳоят чандон аҳамият надодам. Охир ман аз куҷо медонистам, ки ту ҳамроҳи модарҷонам забон як карда...
-Яъне, он суханонро дар ёд доред?
-Албатта.
-Шояд ҳамааш бо амри тақдир...
-Шояд, вале агар то шамол набошад, шохи дарахт ҳам намеҷунбад.
-Шамол ҳам атои худост.
-Баҳс намекунам, вале ман донистан мехоҳам, ки он рўз модар ба гӯшат чӣ гуфт?
-Ба хотири ҳамон суханони модар дар ҷанг ҳам бошад, ман ҳамеша ду мисраеро аз каломи Ҳофиз зери лаб замзама мекардам.
-Ҳофиз ва ҷанг хеле аҷиб ва мехостам фаҳмам, ки кадом порае аз эҷоди эшон дар майдони набард вирди забонатон буд?
Киштинишастагонем,эй боди шурта бархез, Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
-Яъне, ки...
-Худованд он ҳама илтиҷои банда бипазируфту дубора дидани ҷамоли зебои туро муяссарам кард.
-Рафту ман сар нафарорам чӣ.
-Зорӣ дорему зӯри не, духтари Шоҳ. Рафту дилат ба дигар кас ҳам бошад, ба хотири оне,ки мо беш аз даҳ сол зери як бом зиндагӣ намудаем, садди роҳат нахоҳам шуд,-гуён сарбоз ба суҳбат нуқта гузошта, ба тарафи чашма рафт.





