Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 499 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 499 аз 499 · 2 ноябри 2026

Садои гиряи тифл боз дар фазои хона танинандоз гашт ва мавҷи хаёлоти кампир чун уқоби аз парвоз мондашуда майли бозгашт ба замин ба хоки муқаддас кард. Чун ў пойи равон надошт, боз аз тиреза ба саҳни ҳавлӣ нигарист, то келинро ба ёрӣ хонад, вале келинашро дар байни занҳои дар саҳни ҳавлӣ буда надид. Дар ноомади кор атола дандон шиканад гуфтагӣ барин шуд. Лаҳзае пеш, дар замоне, ки “ҳофиз “ ҳанўз ба сурудхонӣ надаромада буд, келин дар саҳни ҳавлӣ буд. Хайрият духтари ҳамсояро диду аз вай имдод хост.
-Бибиҷон амакам ба боло баромаданд, гуён духтарак дигар ба вай эътиборе надода, ба тарафи роҳи калон рафт. Ў ҳатто нафаҳмид ки мусоҳибаш “амакам” гуфта киро дар назар дошт.
-Бепарвоӣ нисбат ба овози марғуладор ва хомӯшии шунавандагонро нисбат ба қадр накардани меҳнати хеш ба инобат гирифта, “ҳофиз” бештар аз хеш хабар доданӣ шуда, бо тамоми қувва овозашро сар дод ва садопардаҳои гӯши пиразан ҳамчун шунавандаи наздиктарин ба ларзиш омада, эҳтиромашро нисбат ба нафаре, ки аз минбари сабзи малакутӣ ваъз мегуфт, бештару бештар намуд. Мӯйсафедаш ҳамеша набераҳояшро “мағзи донакам” мегуфт, вале ў садои ҳамин мағзи донакро шунида, хомӯш асту хомӯш... Маҳз ҳамин садо дар ниҳоди вай як туғёнеро ба бор овард ва дар давоми чор моҳи бистарӣ будан ў бори аввал кӯшиши аз ҷой бархостан кард ва ҳамааш ба хотири мағзи донаке, ки омадани вайро низ ба сари он минбари сабзи малакутӣ талаб мекард. Ҳарчанд то кунун табибон ва фарзандон пиразанро барои ҳаракат намудан ҳидоят намуда буданд, вале кампир баҳри амалӣ шудани ин ниятҳои нек кӯшише ба харҷ додан нахост, вале акнун ў ба набера ёрӣ додан мехост...
Ба ҳамин хотир ў дастонашро ба ду паҳлуи курсии мулоим гузошта, аз Оллоҳ таоло мадад хост ва бо тамоми қувва баҳри рост шудани дастонаш ҳаракат кард ва бо душвории зиёде ҳам бошад, дар зери навои садои “ҳофиз,” ки аз лаҳзаи аввали гулӯ рўшан намуданаш садояш баландтару баландтар мешуд, баъди чанд моҳ қоматашро рост кард...
Сипас асобағалҳои дар паҳлуяш чун ҳамешагӣ назди тиреза гузошташударо бо навбат ба даст гирифта, зери бағал гузошта, омодаи ҳаракат шуд...
Саргарми ҳамин амали хеш ў чӣ тавр вориди хона шудани писарашро, ки акнун дар остона сабади гуле дар даст рост меистод, нафаҳмид.
Пиразан асои дасти росташро каме ба пеш ниҳода вазнашро ба он такя дода, “ё Оллоҳ” - гуён пойи солимашро бардошта, ба пеш гузошт ва асои дар дасти чапаш бударо низ ба пеш оварда, қоматашро рост намуд, то нафасашро рост намояд. Дар ҳамин лаҳза, чашмаш ба писари шаҳрияш, ки акнун дар торҳои мӯяш сафедӣ дамида сабади гул дар даст ин манзараро тамошо дошт, бархӯрд...
-Наврўз муборак модарҷон! –гӯён писар он сабади гулро чун туҳфаи Наврўзӣ ба пеши пойи модар гузошт ва ӯро ба оғўш гирифт...
Оғози Наврўз бо садои тифли аз гаҳвораи сабзи малакутӣ беруномада дар замири пиразан шӯълаеро ба зиндагӣ бедор намуд ва нафаре, ки мехост ба тифли ба ёрӣ эҳтиёҷдошта кумак намояд, худ аз ёрии Худованди Карим бархӯрдор гашта, бо асо роҳ гаштанро омӯхт. Оғози Наврўз оғози дубора тавлид шудани пиразан гардид...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан