Рафту ў Шоҳи хонаро замоне бародар намехонд, бемутакко худро таслимаш мекард, вале ин ҳанўз як тарафи масъала буд.
Чашми ўро ба зиндагӣ худи дугонааш, ки мехост моҳи хонадони онҳо гардад, кушод. Вай фаҳмид, ки зиндагӣ ин мубориза аст ва баҳри рўзгори хушу осуда ҳамеша талош мебояд...
-Духтари қадрас шудаӣ ва, ба фикрам, аллакай фаҳмидӣ, ки дигарон баҳри бахти хеш чӣ талошҳое намекунанд...Ҳарчанд ҳамсоя номи талошкунандаро ба забон наовард, вале ў фаҳмид сухан дар атрофи кӣ меравад ва дар сархати номзадҳо дар ин бозии қисмат номи дугонаашро сабт кард...
Талошҳои дугона дар ин бозии қисмат, ки мехост чун арӯс пой ба остонаи хонадони онҳо гузорад, дар замири вай шӯру валвалаи ишқро бедор кард. Ў ҳамон лаҳзаҳо дарк кард, ки агар кунҷи нигоҳашро ба рафти ҳодисаҳои рух додаистода дигар накунад, рух додани ҳодисае, ки дигар пешгириаш ғайри имкон аст, аз эҳтимол дур нест.
Маҳз талошҳои дугона, дили то кунун бе дарду ғами ўро баставу бемори Шоҳи хонадон кард ва бо гузашти солҳо ба хулосае омад, ки агар ҳамон шабу рўз боз каме саҳлнигорию бепарвоӣ зоҳир мекард, муҳаббати Шоҳро аз даст медод...
“ Ҳақ ба ҷониби модар буд, ки чашми маро ба зиндагӣ боз кард ва рафти ҳодисаҳо он қадар пуршӯру шар шуд, ки худ чӣ тавр моҳи хонадон гаштанамро нафаҳмидам,” - аз дил гузаронд пиразан ва нигоҳашро боз ба саҳни ҳавлӣ дӯхт...
Беш аз понздаҳ сол аст, ки Шоҳи хонадонаш муқими манзили хомӯшон аст, вале чароғи манзили бобоӣ чун ҳамешагӣ фурўзон аст ва итминони комил дорад, ки ворисонаш он шӯълаи умедро дар кошонаи бобоӣ дар ҷойгоҳи он мардони орифу худотарс фурўзон хоҳанд дошт...
Синаш ба ҷое ҳам расида бошад, дилаш ба ҳамон деҳаи пурбарфи зери кӯҳдомани ағбаи Хобу Рубот кашол. Рафту агар пойи равон медошт, дигар як руз ҳам дар ин катакчаҳои бетонӣ намеистод. Аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир деҳаро бисёр ёд мекунад ва сабаби дилкашолӣ ба деҳа он аст, ки мехоҳад хокдонаш ҳам дар паҳлуи хокдони мӯйсафедаш бошад...





