Сипас, ман протоколи пурсиши то ҳанўз ба анҷомнарасидаи Парвина Қамарро ба даст гирифта, ба он чашм дӯхтам.
Аз нишондоди Парвина Қамар (соҳибхоназанро чунин ному насаб будааст) аёнам гашт, ки субҳи имрўз ў аз осоишгоҳи “ Оби Гарм “ баргашта, вориди хонаи хоб шуда ҳамсарро оғӯштаи хун мебинад...
Ба суоли муфаттиш чаро ў аз осоишгоҳ чунин барвақт баргашт, бевазан посух гуфта, ки чун шавҳараш барои корҳои тиҷоратӣ ба минтақаи Сибири Федератсияи Русия рафта буд ва бояд имрўз аз он ҷо бармегашт, ў низ ҳанўз чашми рўз накафида осоишгоҳро тарк намуда, ба хона баргашт.
Ҳамаи инро сабаб он будааст, ки вай ба осоишгоҳ баъди рафтани шавҳараш ба Сибир бе розигии нимаи дуюми хеш рафта ва илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфта то бозгашти ӯ дар хона шудан хостааст. Ҳамчунин дар нишондод омада буд, ки то ба ҳуҷраи хоб ворид шудан вай ҳатто пайхас нанамудааст, ки касе дар хона ҳаст, чунки ҳам дарвоза ва ҳам дари даромадгоҳро дар ошёнаи якум вай худ бо калид кушодааст.
Инчунин, аз рўӣ ҳуҷҷатҳои гирдовардаи муфаттиш банда дарёфтам, ки олоти ҷиноят, яъне яроқ то ҳанўз ёфт нашудааст.
Чун муфаттиш фаҳмид, ки банда коғазҳоро ба гӯшаи миз гузоштам, нигоҳашро аз тамошои атроф канда пурсид: - Андешаи шуморо фаҳмидан мехостам.
-Барои ба хулосае омадан ҳанўз ҳуҷҷатҳо кофӣ нестанд.
-Он нокифоягӣ дар чист?
-Пеш аз ҳама мо то кунун намедонем, ки ҷинояткорро чӣ мақсаду мароме дар сар будааст.
-Боз чӣ?
-Чун мақсади аслии содиршавии ҷиноятро дарёбем, паҳлуҳои дигари он ҳам ҳал хоҳад шуд.
-Оё мо метавонем ба бегуноҳии бонуи хона бовар намоем?
-Хоҳу нохоҳ ў ба рўӣхати гумонбаршудагон меафтад ва танҳо худаш метавонад дар ҳамкории зич бо тафтишот бегуноҳии хешро собит созад.
-Рафту ў ба тафтишот ҳамкорӣ кардан нахоҳад - чӣ?





