Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 6 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 6 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар байни онҳо нафарони бетафовут ба ҳодисаи рухдода ҳам буданду шахсони марги ҳамсарро ба дил бисёр наздик қабулкарда ҳам ва кам ҳам бошад, ман боз нафаронеро дар ёд доштам, ки аз марги нимаи дуюми хеш ҳатто шод гашта.
Хушбахтона, чунин нафарон дар дафтари хаёлоти ман ангуштшуморанд...
Соҳибхона бе ягон оҳу воҳи зиёдатӣ ба суолҳои муфаттиши прокуратура посух мегуфт. Не, ў мўю рўй намеканд, фиғон ҳам намекард, шояд бовар ҳам надошт, ки шоҳи хонааш дигар дар қайди ҳаёт нест.
Ман ҳар қадар кӯшидам, ки дар ҷинояти мазкур ба таври ростхата ё ғайримустақим даст доштани ҷавонзани дар пероҳани сиёҳ бударо фаҳмам, вале ҳама кӯшишҳоям барабас рафт,чунки худам бо вай сари суҳбат қарор надоштам ва барои дилу нияти инсонро фаҳмидан ба андешаи мардум бо ў як пуд намакро бо ҳам дидан лозим меомад, вале афсӯс ки банда барои хулосабарорӣ чунин имкон надоштам. Дар зинаи аввали тафтишот, ки акнун банда низ шомили ин гурӯҳ будам, ба хулосае омада натавонистам.
Дар ҳамин асно аз ошёнаҳои поён овози доду фиғон ва навҳакашӣ ба гӯшамон расид ва ҷавонзан узр пурсида, аз ҷой бархесту ба истиқболи хешу ақрабояш баромад...
Баъди аз дар баромадани соҳибхона мо боз лаҳзае хомӯш истодем. Сипас ман аз ҷой бархоста ба курсие,ки дар паҳлуи миз меистод, нишастам ва аз муфаттиш рафти корро пурсон шудам.
-Як муаммои сарбаста, - ба суолам кӯтоҳ ҷавоб дод муфаттиш ва сипас варақаҳои то кунун гирдовардашудаашро наздам гузошта. худ аз ҷой бархеста, пушти тиреза рафт.
Аз мутоилаи протоколи азназаргузаронии ҷой ҳодиса ҳамин қадар фаҳмидам, ки кадоме аз масофаи наздик аз пушт тирро дар сари соҳибхона ҷо намуда.
Ранги сиёҳ дар болои лисони сафед аз он шаҳодат медод, ки андозаи ҳуҷрае, ки соҳибхона ҳадафи тир қарор гирифтааст, шаш бар чор метр буда, тирезааш ба тарафи ғарб кушода мешавад. Ҳарду тирезаи меҳмонхона рў ба тарафи шарқ ба самти офтоббаро доштанд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан