Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 95 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 95 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Акбар Ҳакимович?
-Бале.
-Ман Парвина Қамар.
-Шуморо гӯш мекунам.
-Акнун чӣ мешавад?
-Шуморо нафаҳмидам.
-Нафаҳмидед ё фаҳмидан намехоҳед? - бо овози ҳазине гуфт мусоҳиби ман.
-Ба ростӣ, мақсадатонро нафаҳмидам.
-Чӣ, шумо аз ҳодисаи ба сари Усмон омада огоҳ нестед?
Аз он чӣ ки мусоҳибам аз марги Усмон не, балки аз ҳодисаи ба сари вай омада пурсон шуд, ба хулосае омадам ки ҷавонзан дар ҳақиқат собиқ хакерро дўст медоштааст, он чунон дўст, ки ҳатто наҷотдиҳандаи хешро дўст надошта буд, бинобар ин гуфтам:- Соате пештар огоҳ шудам.
-Шумо гумон доред, ки вай худашро ба таги автомашина партофтааст?
-Дар ҳуҷҷатҳо ҳамин хел омадааст.
-Дар ҳуҷҷатҳо, дар ҳуҷҷатҳо...
-Шумо чӣ, агар махфӣ набошад?
-Усмон дар ҳаёташ ҷуръаи майро ба лаб набурдааст ва чӣ тавр метавон чунин нафарро маст ҳукм кард?
-Вале дар ҳуҷҷатҳои милиса чунин омада.
-Усул дар дасти нағорачӣ ва милиса ҳам ҳар чи хостааст навиштааст.
-Ба андешаи шумо розӣ шуда наметавонам.
-Хуб буд ё бад, ман бо Усмон дар муносибати ниҳоят наздик қарор доштам ва хулқу атвори вайро аз дигарон беҳтар медонистам. Агар боварӣ намедоштам, ҳаргиз ба дифои вай дасту остин барнамезадам.
-Ман ҳам дар милиса одами нав нестам ва наметавонам ба ҳуҷҷатҳое, ки гувоҳи маст будани дӯсти шумо мебошанд, бовар накунам.
-Агар чунин аст, пас ўро маст намуда ба зери чархи автомашина партофтаанд ё шумо чунин назарияро инкор мекунед?
-Чун ҳодиса дар минтақаи дигар рух додааст, ба гумон аст, ки ман ба шумо ёрӣ дода тавонам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан