-Афсӯс ки шумо дер намудед, - гӯён мусоҳибам бе огоҳии пешакӣ ба суҳбат нуқта гузошт.
Сари ин тавбаю надомати вай ман хеле майна об кардам ва ба хулосае омадам, ки ҷумлаи охирини аз забони ў бурун омада маънии онро дорад, ки дигар касе алибии манро тасдиқ карда наметавонад...
“Усмон дар ҳаёташ ҷуръаи майро ба лаб набурдааст” гуфтани Парвина Қамар мавҷи андешаҳои бандаро аз як соҳил бардошта ба соҳили дигар мезад ва баракс...
Суҳбати беогоҳӣ бо нафаре, ки ҳанӯз дар мақоми гумонбаршуда қарор дошт, андешаҳои бе сару нӯги бандаро чун мадду ҷазри баҳр ва ё туфон аз мазор ба бозор партофт, ҳарчанд дар ин рўзи якшанбеи даҳаи аввали моҳи май дар долони ошёнаи дуюми бинои милиса касе ҳам рафту омад надошт.
Нурҳои офтоб, ки кайҳо аз қиём гузашта буд, аз самти ғарб шишаи шаффофи тирезаро убур намуда, болои сӯхта намакоб мепошид. Дар чунин ҳолат дар байни чор девори бетонӣ нишастан дигар маъние надошт ва ман аз курсӣ бархеста лаҳзае пас аз бино берун шудам.
Дар замоне, ки аз зинаҳои пеши бино нияти ба поён қадам задан доштам, дар самти муқобили роҳ Ҷомии Шарифро дидам, ки нияти аз роҳ гузаштан ва ба тарафи бинои милиса омадан дошт...
Баробари аз роҳ гузаштани Ҷомии Шариф ман аз зинаҳои пеши бинои милиса ба поён ҳаракат намудам.
-Шумо ба куҷо, рафиқ майор?
-Ба хона.
-Шефро дидед?
-Не.
-Шояд яку якбора?
-Яку якбора чӣ?
-Бо эшон ҳисобу китобро баробар намуда равем.
-Ба фикрам худат ҳам...
-Ҳамаи даву тозҳои имрўзаам бе натиҷа...
-Фаҳмо.
-Чӣ илоҷ, ки дар ин рўзи якшанбе касеро наёфтам, ё боз гашта равам?





