Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 98 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 98 аз 499 · 2 ноябри 2026

“-Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид?”- гуфтани мардумон беҳуда набудааст.
-Ҳамааш вобаста аз он ки савори асп кисту шамшер ба дасти кӣ афтида.
-Зан чӣ?
-Аз рўйи як зани сабукпой шуда ҳамаи ҷинси латифро гунаҳкор намудан аз рўйи инсоф нест.
-Чӣ илоҷ, модаме ки худи рафиқ майор чунин андеша дорад.
-Ман нуқтаи назари хешро ба души касе бор карданӣ нестам.
-Ман танҳо андешаи гузаштагонро гуфтам.
-То вохӯрӣ бо Парвина Қамар хоҳиш мекунам андешаҳоятонро дар замиратон нигоҳ доред!
-Чӣ илоҷ, охир хоҳиши сардор ҳам фармон аст.
Мо дигар каломе ба забон наоварда ба нақлиёти шаҳрӣ нишастем ва пас аз ним соат мо ба дари хонаи Парвина Қамар ангушт задем.
Дарро ба рўямон худи соҳибхона кушод...
-Ҳеҷ гумон надоштам, ки...
-Аз занг заданатон хавотир шуда, гуфтем сари қадам аз аҳволатон хабар гирем.
-Марҳамат, ба хона гузаред.
-Ин дафъа мо дар ошёнаи аввали бино дар самти чапи дари даромадгоҳ тағофул намудем. Дурусттараш соҳибхона моро то ба дари ҳамон ҳуҷра роҳбаладӣ намуд.
-Баъди ҳодисаи ба сари Солеҳ омада ман майли ба ошёнаи боло баромадан надорам. Ба замми ин, рўз аз рўз ҳаво гармтар шуда истодааст ва ошёнаи аввал дар нисбати қабатҳои болои бино салқинтар аст. Шояд як пиёла чой...
-Ташаккур, лозим нест.
-Чӣ илоҷ, - гӯён ҷавонзан дар курсие рў ба рўямон нишаст.
Лаҳзае фазои хонаро як муҳити ором фаро гирифт.
Дигаронро намедонам, вале ба пиндори ҳамонлаҳзаинаи ман чашмони ҷаззоби ҷавонзан дар нисбати рўзи аввале, ки аз осоишгоҳи Оби Гарм баргашта буд, хеле ҳазин менамуданд...
-Албатта, шумо бо коре ба ин ҷо омадаед, вагарна милиса ҳаргиз нисбати зиндагонии нафаре, ки вай дар куштори шавҳараш гумонбар дониста мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир нахоҳад кард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан