-Гумонбар ин ҳанўз маънии гунаҳкор буданро надорад, аз ҳамин лиҳоз метавонед андешаҳои ботилро аз саратон дур намоед.
-То кунун шӯълаи ягонаи банда барои собит намудани дараҷаи бегуноҳиям дар он шаби наҳс дар осоишгоҳи Оби Гарм ҳамроҳи Усмон Башир буданам буд ва чун Усмон дигар дар қайди ҳаёт нест, дигар касе ҳам наметавонад алибии маро тасдиқ намояд, - оҳ кашида гуфт ҷавонзан.
-Агар вай хоҳиши тасдиқ намудани алибии шуморо медошт, кайҳо метавонист ин амалро анҷом диҳад.
-То дишаб ман ҳам чунин андеша доштам.
-Дишаб чӣ ҳодиса шуд?
-Гӯё ки намедонед.
-Аслан мо ҳам чанд соате пештар аз занги имрўзаи шумо аз ҳодисаи рухдода огоҳ гаштем.
-Афсӯс дунё ба вай вафо накард.
-Ба фикрам, марги вай барои шумо талафоти гаронест.
-Шояд шумо маро зани сабукпой пиндоред, вале бояд иқрор шавам, ки вай бароям азизтарин шахс буд.
-Агар чунин буд, пас чаро вай аз шумо дурӣ ҷуст ва омада алибии шуморо тасдиқ накард.
-Баъди бозгашт аз осоишгоҳи Оби Гарм дигар ман вайро надидам, дидан он тараф истад ҳатто овозашро ҳам нашунидам, ҳол он ки Усмон ҳам тоқати дурии манро надошт.
Дар сарам ҳазору як андешаи ботил давр мезад. Қариб буд вайро дар марги Солеҳ гунаҳкор намоям ва он чӣ ки ин субҳ шунидам...
-Чӣ тавр вайро дар марги шавҳаратон айбдор мекардед, ки он шаб ҳамроҳатон дар осоишгоҳ буд?
-Дар асл ҳамааш ҳамин хел буд, вале яку якбора дури ҷустани вай дар замирам андешаҳои ботилро ба бор овард.
-Сабаби марги вайро аз чӣ мебинед?
-Аз он чӣ ки вай маст будааст ва ба андешаи ман касе хоҳони марги ў будааст.
-Яъне, шумо моро бовар намуданӣ ҳастед, ки вай наменӯшид?





