Чун мо шоҳид дорем ва ӯ метавонад суханони шунидаашро дар рӯ ба рӯи сухангӯ такрор намояд, гумон мекунам аз ин ҷиҳат мо дасткӯтоҳ нестем.
-Охир парванда дар бораи қасд ба ҷони Руҳулло Ғаффор дар дасти мо нест. Магар беҳтар нест, ки дар ин бора ба прокуратраи ноҳияи Сино хабар диҳем, то онҳо охирин шоҳидро, ки бо марҳум Руҳулло Ғаффор суҳбат доштааст, мавриди пурсиш қарор диҳанд.
-Гуфтаниед, ки колаи бад ба соҳибаш насиб кунад?
-Дуруст фаҳмидед.
-Ман аминам, ки Файз Камол дар марги сармуҳосиб даст надорад ва ин далелро бо табар ҳам буридан мумкин нест.
-Дуруст, вале набояд фаромӯш кард, ки баҳси охирини ронанда бо сармуҳосиб баҳси одӣ набуд ва ронанда ҳатто ба эшон таҳдид намудааст.
-Аз сухан то амал хеле масофа аст ва ба гумон аст, ки нафари ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба озодӣ баромадаро дубора ҳавои ба маҳбас рафтан ба сар омада бошад. Ба замми ин, ронанда алибии боэътимод дорад. Аз ҳамин лиҳоз беҳтар мешуд, мо вайро ба ин ҷо оварда, аз рӯйи донишу маҳорати касбии хеш бо далелҳо гуноҳашро собит менамудем ва агар боз он суханчинро меёфтем, нуран алонур мешуд.
-Дар айни вақт мо ба ёрии нафаре, ки дар қаҳвахонаи “Дидор” пушт ба тарафи онҳо менишастааст, умед баста наметавонем.
-Беҳтараш шумо рухсат диҳед, ки вайро ба ин ҷо биёрем, он тарафаш...
-Бошад.
...18...
Ташрифи Файз Камол ба нимаи дуюми рӯз рост омад.
Дурусттараш вайро лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф ба қавле пешандоз намуда оварда буд. Агар чунин намебуд, собиқ ронанда ҳаргиз баробари пой ба остонаи дафтари кории банда гузоштан аз болои нафаре, ки ӯро то ба бинои милиса ҳамроҳӣ намуда буд, шикоят намекард.





