Роҳравон ман боз сари суханони Нӯшини Азиз : - “Обро бину муза каш”... ва агар бахши кофтукови ҷиноятӣ ба натиҷаи мусбӣ анҷомидани ҳаракатҳои хеш боварӣ дошта бошад, иҷрои амалиёт таваққуфро намепазирад”- андеша намудам. Дар корҳои ҷустуҷӯӣ аслан муқобилият накардан ба ин ё он амал нишонаи якдили ва ҳамдигарфаҳмиро дорад.
Аз ҳамин лиҳоз ман боз қадаммониамро тезтар намудам, то дар ин бора бо ёвари хеш лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф суҳбат намоям.
Бо нафаре, ки банда ба суҳбаташ ниёз доштам, дар байни ошёнаҳои якум ва дуюми бинои милиса рӯ ба рӯ омадам.
Дурусттараш, дар лаҳзае, ки ман нияти ба ошёнаи дуюм баромадан доштам, Абдурашид ба поён мефаромад
-Ба қуҷо? - баъди ҳолпурсии кӯтоҳ гуфтам ман.
-Ба саҳни ҳавлӣ, хостам каме дар ҳавои тоза нафас гирам,
- гӯён ёвари банда аз зинаҳо ба поён рафт.
-Чун баргаштед, як сари қадам ба назди ман!
-Хуб шудааст...
Аз рӯи одат сараввал ба дари котиботи шуъба ангушт задам, вале бе натиҷа. Шояд котиба ҳам чун Абдурашид барои ҳавои тоза гирифтан ба саҳни ҳавлӣ баромада буд, ё кӣ медонад? Ин субҳ дари котиботи идора ҳам чун манзили ғарибон хомӯшу сокит буд, не садое, не гуле...
Баробари вориди дафтари корӣ шудан, тирезаро кушода, ҷисми хешро ба курсии мулоим партофта. интизори бозгашти Абдурашид шудам.
Ҳанӯз нафасамро дуруст рост накарда будам, ки лейтенанти калон ҳам омад ва баробари ба курсӣ нишастан нигоҳи хешро, ки ҷӯёи суол буд, ба сӯям дӯхт.
-Оё мо метавонем Файз Камолро барои пурсиш даъват намоем ?
-Дар ин самт ягон монеаеро надида истодаам, - гуфт Абдурашид.
-Манзурам он аст, ки мо собиқ ронандаро барои кадом гуноҳаш ба ин ҷо даъват менамоем?
-Рафиқ капитан, агар мо дастҳоро болои даст монда интизор шавем, ки Файз Камол худаш ихтиёран ба милиса омада, ба гуноҳаш иқрор мешавад, моро метавон хаёлпараст номид.





