Дар он сурат шумо бисёр чизҳоро аз даст хоҳед дод.
-Ғуломон ба ҷуз завлонаи дасташон ҳеҷ чизеро аз даст намедиҳанд.
-Сараввал он ки шумо на ғулом, балки шаҳрванди комилҳуқуқи давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳастед ва рафту агар далеле дар нисбати бегуноҳиатон доред, пеш оваред, вагарна шуморо аз адолати судӣ роҳи гурез нест.
-Қонун қонун гуфта мешинед, қонун ҳам барои бечораю бенавост ва манзуратон бод, ки қонунро ҳам касе дар пояи чунин қонуншиносон чун шумо поймол накардааст. Дар кадом қонун омадааст, ки шаҳрвандро бе собит намудани дараҷаи гуноҳаш боздошт намоянд?
-Барои ҳар як амали хеш мо натанҳо дар назди қонун, балки дар назди виҷдони хеш низ ҷавобгарем ва бе далели мукаммал ба гумон буд ман ба чунин як амал даст занам. Аз ҳамин лиҳоз шумо осуда бошед. Агар банда, гуноҳе медоштам, баъди шикояти дишабаи шумо прокурор, албатта, дар нисбати ман чорае меандешид, вале чӣ хеле ки мебинед, эшон дар амалҳои дирӯзаи банда хатоеро наёфта.
-Ё шояд нахостааст.
-Андешаҳоятонро дур набаред, чунки прокурор назорати умумии конуниятро ба душ дорад ва ҳардуи мо барояш дар як сатҳ меистем.
-Бовар намекунам.
-Ихтиёрат, вале ман он чиро гуфтам, ки дар қонун омадааст.
-Беҳуда аз қонун барои хеш сипар насозед. Дар паси панҷара ҳам ман бисёр қонундонҳоро дидам, ки аз курсии мансаб ба он ҷо рафта.
-Албатта, бо гуноҳе, ё бегуноҳ?
-Инашро намедонам, чунки бо онҳо аз наздик шинос набудам. Дар он ҷо бошад, нисбати дигарон далел гирд овардан ин баробари сари хеш ба бод додан аст.
-Бо ҳама зебоию дилфиребӣ ҳатто гулзор бе хор нест ва агар дар он ҷое, ки шумо будед, ҳомиёни собиқи қонун ҳам бошанд, бовар мекунам, вале як мақоли хубе дар байни мусулмонҳо ҳаст, ки дар он ҷо дурусттараш дар он дунё барои гуноҳҳои содирнамуда “бузро бо пой худаш меовезанду гӯсфандро бо пой худаш”.





