Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 114 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 114 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Дар ҳодисаи ба сари ман омада ҳамааш баръакс шуд.
-Чунки худатон гуноҳро пурра ба зимма гирифтед.
-Баръакс қонундоне ба ман фаҳмонд, ки агар домани дигареро бигирам, ба худам ҷабр хоҳад шуд.
-Он шахс аслан дурӯғ нагуфтааст, чунки дар сурати ба айбдорӣ кашидани ду ва зиёда шахсон, ки тафтишот гуноҳи онҳоро собит мекунад, ҷиноят характери муташаккилонаро мегирад. Яъне, ду ва зиёда нафарон бо маслиҳати пешакӣ ба ҷиноят даст задаанд. Аз рӯи далелҳои то ба имрӯз ба тафтишот расида ҳодисаи ба сари Зокири Қосим омада низ характери қасдона дошта, бо маслиҳати пешакӣ амалӣ шуда, вале маҳз шумо ҳампешаатонро ҳифз намудаву характери онро аз қасдона ба беэҳтиётӣ оварда, худ ҷазоро дар шакли номукаммал адо намудед ё андешаҳоям нодурустанд?
-Ба каломи мардумӣ “дузду ғар ҳамеша номарданд” гуфтани мардум ман хеле дер сарфаҳм рафтам ва рафту агар банда ҳамон вақт буздилӣ накардаю асли воқеаро мегуфтам, эҳтимол ба чунин рӯзҳо намерасидам.
-Ҳоло ҳам дер нашудааст, чунки тавба дар кадом шакл ва кадом вақте набошад, мақбули Худованд аст. Хуб мешуд он бори гаронро аз дил бадар менамудед. Ман аминам ягон роҳу равиши ин корро дар ин муаммои пурпечу тоб дармеёбем ва шумо низ аз таъқиби якумраи қалбатон, ки дар асл онро исёни виҷдон мегӯянд, озод мешавед.
-Намедонам чӣ гуям, дурустараш аз куҷо сар кунам.
-Хеле хуб аст, ки шумо сари ҳамин як қарор омадед ва агар ҳимоячӣ талаб намудани бошед мо, албатта, талаби шуморо қонеъ мекунем.
-Лозим нест, чунки ҳамон вақт ба суханони он ҳимоячии худозада бовар намуда, ба сари хеш бало овардам.
-Муҳим он аст, ки шумо хатои хешро дарк намудед ва ин амал худ як нишонае аз ҷавонмардии шумост. Агар хоҳед, мо суҳбатро боз соате ба таъхир андозем, то шумо аз натиҷаи амали хеш, ки метавонад бар зараратон гардад, андеша намоед...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан