Сармуҳосиб гуфт, ки Файзиддин аз ин ҷо моро роҳи гурез нест ва агар ин худозада ба худ биёяд, моро ҳамроҳи бор, ки маблағи ниҳоят зиёдеро ташкил медиҳад, ба милиса месупорад. Ба ҷуз он ки мо зиндонӣ мешавем, боз маблағи борро низ супориданамон лозим меояд, вагарна сохибони бор аҳли оилаамонро низ ором нахоҳанд гузошт.
-Пас чӣ бояд кард? - пурсидам ман.
-Аҷали саг, ки расид, дар девори масҷид м... ва ин бадбахтро (ӯ бо ангушташ ба тарафи, Зокири Қосим, ки ҳанӯз ба ҳуш наомада буд ишора намуд) тариқи ҳодисаи нохуш ва дар вазъе, ки мо қарор дорем ,аз ҳодисаи нохуши нақлиётӣ роҳҳи беҳтареро намебинам, ба он дунё нафиристем, худамон дар зиндон пӯсида меравем.
-Охир барои чунин амал ҳам маро чун ронанда ба маҳбас мефиристанд.
-Ин як не, балки даҳ маротиба беҳ аз он аст, ки соҳиби бор каллаи ҳаруямонро аз тан ҷудо созад. Боқӣ ихтиёр турост, мулло Файзиддин, - гуфт нафаре, ки тайи ду соли охир бароям некиҳои зиёде намуда буд ва ман ӯро бародари қиёматӣ мехондам. Ҳарчанд ӯ бародари хуниам набуд, вале ман эшонро бародар хонда будам ва дар ҳамин ҷо ҳам оини бародарӣ боло гирифт. Дар ҳамин як фосилаи кӯтоҳ нақле аз гуфтаҳои падарро ба ёд овардам: Ду бародар будааст, ки яке соҳибмансабу дигаре дарвеш ва аз қазо рӯзе соҳибмансаб ба ҷинояте даст задаву то дастгир шуданаш ба хона омадааст ва ҳодисаро ба баробари фуқарояш нақл намудааст. “Биё беҳтараш ин ҷиноятро ман ба душ гирифта ба зиндон равам”.
– “О ин чӣ хел мешавад” - пурсидааст нафарӣ дар ҷиноят даст дошта. – “Ободии рӯзгори ҳамаи мо худат ҳастӣ, ака, чунки дар сари вазифа ҳастӣ ва агар ту зиндонӣ шавӣ, ҳамаи мо аз тангии рӯзгор азият хоҳем кашид. Беҳтар аст, ки банда гуноҳро ба душ гирифта, зиндонӣ шавам ва ту оилаи маро ҳам сарбон шавӣ”. Чун онҳое, ки аз дунболи ҷинояткор омаданд, ҳамон бародар гуноҳро ба душ гирифтаю ба ҷой акааш ба зиндон рафтааст.





