Руҳулло Ғаффор ҳам барои ман бародар буд – бародари қиёматӣ ва андешидам, ки бародарро дар чунин ҳолат даст нагирифтан нишонаи мардӣ нест ва нигоҳамро ба замин дӯхтам...
Хомӯшии бандаро чун сукут аломати ризо пиндошта сармуҳосиб амр кард:
-Ба сари чанбарак нишин...
Дар ҳамин ҷо Файз Камол хомӯш шуд. Аз нигоҳи маҳзунаш аён буд, ки ба ёд овардани он лаҳзаҳои мудҳиш барояш осон нест. Аз ҷой бархоста, аз сабуи булӯрин ба пиёлае об рехта, ба суяш дароз намудам.
-Ташаккур! - гуён лаҳзае пас ӯ пиёлаи холиро ба гӯшаи миз гузошт
-Шояд боз каме об нӯшед?
-Не, ҳаминаш басанда. Ба ростӣ,, аз ба ёдовардани он лаҳзаҳо забонам дар комам хушк шуд.
-Шояд суҳбатро ба дигар вақт гузорем?
-Беҳтар мешуд, дар ҳамин ҷо ба ҳамааш нуқта мегузоштем. Тайи чанд соли охир борҳо кӯшидам он лаҳзаро то нуқтаи охиринаш баҳри шунавандае нақл намоям, вале дар замирам ҷасорат шӯъла назад ва хуб мешуд саргузашти талхи бандаро то ба охир мешунидед.
-Бошад.
-Чун аз кабина баромадам, вай аллакай ҷон дода буд. Ба ростӣ дар он лаҳза вуҷудамро даҳшат пахш кард, вале Руҳулло Ғаффор маро ором намуда гуфт, ки ба саг марги сагона. Хунсардии сармуҳосибро дида нафратам омад, вале чӣ илоҷ, ки дар ҳодисаи рухдода аз вай дида ман гуноҳи бештаре доштам. Вазъияти бади бандаро дида сармуҳосиб гуфт: - Файзиддин, ҳоло вақти андеша нест ва беҳтар мебуд мо он бори зормондаро ба ягон ҷо бурда пинҳон менамудем.
-Гуфтам, ки бор ҳаст ё не, барои ман дигар фарқе надорад.
-Эҳ Файзиддин, Файзиддин, - гуфт ӯ, - ба ин амал мо барои он даст задем, ки борро нигоҳ дорем, рафту агар борро ба милиса супориданӣ мебудем, пас қасд ба ҷони ин саги бӯйгир чӣ лозим буд? Дар ҳамон лаҳза суханони аз забони бобоям шунида: “оби рехта, шишаи бишкаста ва тири аз камон бурун ҷастаро баргардонидан имкон надорад” дар гӯшам садо доду садо...





