-Ҳамааш шуда ман ронанда будам, на таҳлилгари масоили сиёсӣ ва ё криминалӣ, аз ҳамин лиҳоз оиди ҳодисаҳои мазкур чизе гуфта наметавонам.
Ман боз ба чанд суоли хеш посух гирифта, бори дигар нишондоди Файз Камолро аз назар гузаронида, онро барои шиносоӣ наздаш гузоштам.
Боздоштшуда баъди шиносои ба ҷойҳои нишона гузоштаи нишондод имзо гузошта, ҳамаи он варақаҳоро ба дастам дод...
Чун боздоштшуда дар иҳотаи конвой аз дар берун шуд.
ман боз муддате дар байни чордевори бетонӣ сари андешаҳои хеш танҳо мондам. Ҳарчанд вақти тановули нисфирӯзи фаро расида буд, вале бандаро хумори ба ошхона рафтан ба сар наомад ва то анҷоми танаффуси нисфирӯзи сабти овозии суҳбатро мавриди таҳлил қарор дода, сипас ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар атрофи ин суҳбат ба дастовардаро гирифта, ба прокуратура рафтам.
-Омадани шуморо интизор набудам, - баробари дидани банда изҳори нигаронӣ намуда гуфт Асад Ғанӣ.
Ин дафъа ман бе рухсати эшон боз чанд қадаме ба пеш гузошта, аз ҷузвдони дар дастам буда нишондоди Файз Камолро бароварда, болои миз гузоштам.
Сарназоратчии қонун бо ишораи даст курсиеро ба ман нишон дода, худ ба қироати ҳуҷҷатҳо пардохт....
-Сабти овозашро нагирифтед? - баробари аз коғазҳо чашм бардоштан пурсид вай.
-Гирифтам.
-Онро ҳам дар якҷоягӣ бо дигар маводҳои гирдовардаатон ба суроғаи мо фиристед.
-Итоат! - гӯён ман дар давоми рӯз дубора бо эшон худоҳофизӣ намудам.
...20...
Ташрифи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф дар колонияи ислоҳи меҳнати хеле тӯл кашид. Акнун ман аз он дар шигифт будам, ки ба лейтенанти калон дар самти коре, ки вай баҳри иҷрояш рафта буд, комёбие даст медиҳад ва Худо накардаву он комёбиҳо бархилофи нишондоди Файз Камол бошанд, дар он сурат эҳтимолияти мухолифат байни мо ва прокурор ногузир боқӣ мемонд.





