Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 127 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 127 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ҳарчанд дигар тақдири минбаъдаи Файз Камолро прокуратура ҳамчун мақомоти тафтишотӣ ба зимма гирифта буд, вале ман наметавонистам ба вазъи ба вуқуъ пайваста аз паси панҷа нигарам. Гирдоби андешаҳо ин дафъа бароям ниҳоят пурпечутоб шуд. Ҳамагӣ чанд соат пештар ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки Файз Камол қариб бе муқобилят ба санади таслимшави имзо мегузорад. Сари ин масъала ман хеле фикр намудам ва ба хулосае омадам, ки Файз Камол аз қонун дида, аз соҳибони бор бештар метарсад. “Сад зориро садқаи як зӯрӣ кунад” гуфтани мардум ҳам бе асос набудааст. Эҳтимол Файз Камол тайи як шаби дар боздоштгоҳи муваққатӣ будан рӯзгори пур аз асрорашро борҳо болои мизони қонун гузошта, ба хулосае омадааст, ки худро таслимӣ қонун намудан садҳо бор беҳ аз он аст, ки ӯро дар канори роҳе бо пешонаи сӯрох дарёбанд. Ҳамин аст рисолати сухан, ки то ба рӯзгори мо низ расида: “Аз Ҳиндустон хабар меояду аз гӯристон не”...
Маҳз ҳамин гирдоби андешаҳо суоли ноҷои ман ва ҷавоби аз нигоҳи мантиқ дурусти боздоштшударо ба ёдам овард.
-“Ҳамааш шуда ман ронанда будам, на таҳлилгари масоили сиёсӣ ё криминалӣ...” Эй капитан нашуда... Наход ақлат нагирифт, ки таҳлил кори мақомотҳои ҷустуҷӯӣ ва тафтишотист.
Чун ҳанӯз интизори омадани Абдурашиди Шариф будам, аз ҳамин лаҳзаи муносибтареро надида ба таҳлили он суоли ноҷои хеш пардохтам...
Қариб як шабонарӯз боз қарори муфаттиши прокуратура оиди ба зери назорат гирифтани гуфтугӯи телефонӣ ва мукотибавии Шаҳнози Зокир мавриди амал қарор дошт, вале кор дар ин самт манзили хомӯшонро ба ёд меовард; не садое, не гуле...
Файз Камол назари хешро бар он баён дошт, ки соҳибони бор хостанд бо як тир ду нишон зананд ва аз ҳамин лиҳоз сараввал Руҳулло Ғаффорро ба он дунё роҳхат дода, шарики ӯро дар маргаш айбдор карданӣ шуда, даҳсолаҳо ба паси панҷара фиристодани шуданд, вале чун аз ба беморхона афтидани ӯ огоҳӣ надоштанд, аз дунболи нафаре шуданд, ки собиқ сармуҳосиб аз таъқибҳои ҳамешагиаш дар гурез буд ва арзандатарин номзад ба ин мақом Шаҳнози Зокир буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан