-Гумон мекунам,ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада давоми ҳодисаи дар минтақаи Лучоб рухдода аст.
-Гумон ин ҳанӯз далел нест.
-Файз Камол бар он андеша аст, ки соҳибони бор вайро дар ҳарду ҷиноят гунаҳкор кардан мехостанд, чунки онҳо аз ҳодисаи ба беморхона афтидани вай огоҳӣ надоштанд, вале аз нигоҳи банда дар байни ин ду ҳодиса пайвастагиро аз дигар самт ҷустан лозим меояд. Ҳодисаи дуюм ин нимкосаи зери косаро мемонад, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Амали мазкур дар сатҳи хеле баланд тарҳрезӣ шуда ва ин ду ҳодисаро кори дасти як нафар ё як гурӯҳ хондан аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст, чунки Шаҳнози Зокир худ ҷабрдида аст ва аз марги ӯ ягон гурӯҳ манфиатдор нест. Ин ҷо сирест, ки дар айни вақт мо дар кушоданаш дар мондаем.
-Шояд ин ҳама як чашмбандӣ бошад ?
-Шояд, вале моро зарур аст мақсду мароми ба чунин чашмбандӣ даст заданро низ ошкор намоем.
-Нӯги гиреҳеро қариб ба даст овардем, бехабар аз он ки худи калоба чун деви ҳафтсар чандин гиреҳҳо дорад.
-Бандаро як ҳолат ҳеҷ ором намегузорад.
-Шояд шунавем, ки он чӣ ҳолатест?
-Чӣ тавр нафаре ки бо як зарба дигареро беҳуш намудааст, баҳри ҳимояи хеш чорае наандешидааст?
-Чунки ӯро ҳадафи тир қарор доданд ва барои тир фосила ё худ масофа ягон арзише надорад.
- Матлубаи Руҳулло дугонаашро ҳамчун атеист муаррифӣ намуда ва маҳз ҳамин ҳолат пайдо шудани шубҳаро дар ҳаракатҳои ҳамонрӯзаи Шаҳнози Зокир ба бор меоварад.
-Моро дар ин самт то кунун далели муътамаде дар даст нест ва нашавад, ки болои сӯхта намакоб пошем.
-Аз нигоҳи мантиқ ба рафти ҳодисаҳо назар афканданамон лозим мешавад.
-Нигоҳи мо ба рафти ҳама гуна ҳодисаҳо бояд аз нигоҳи қонун бошад, на кам ва на беш. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки замоне ҳамаи уламои соҳаи фалсафаро атеист мехонданд, вале баробари дигар шудани сохтори ҷамъиятӣ, ҳамагон ба донишу таҷрибаи онҳо сари таъзим фурӯ оварданд, чунки маҳз ҳамин атеистони собиқ дар илми диншиносӣ беназир будани хешро нишон доданд ва собит намуданд, ки “Каломи Раббонӣ” яке аз беҳтарин китобҳоест дар илми ҷомеашиносӣ...





