Дар ҳамин ҷо нигоҳи банда ба дуриҳои дур парвоз кард ва банда ҳодисаи аз забони қиблагоҳам шунидаро чун шахси сеюм барои мусоҳибам арзонӣ доштам:
-Дар солҳои охири салтанати Шӯравӣ бо супориши ҷамъияти “Дониш” гурӯҳи файласуфонро барои пропагандаи идеологияи ҳукумати вақтӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристоданд. Дар толори калони ҳизби коммунисти Точикистон дар ноҳияи Дарвоз фаъолони касбу кори гуногун гирд омада буданд. Шунавандагон он қадар зиёд буданд, ки агар сӯзан партоед, ба замин намерасид.
Котиби якуми ҳизби коммунистии ноҳия Ҳимат Давлат ҷаласаро кушода суханро ба файласуф профессор Одил Нодир дод ва эшон тайи ду соат дар бораи “Мафҳум ва моҳияти равандҳои динӣ дар ҷомеа аз нигоҳи қонунҳои умумибашарӣ ва динӣ” бо овардани ояҳо аз китобҳои “Муқаддаси динӣ” суханронӣ намуд. Сипас баҳсу мунозираҳо оғоз ёфт ва нафарони зиёде ба суолҳои хеш посух гирифтанд, ба ҷуз як нафар. Аз чӣ бошад, ки устод суоли нафари навбатиро шунида гуфт:
-Ниҳоят суоли мураккаб ва банда метарсам дар куҷое ба хатто роҳ надиҳам, вале агар шумо лозим донед, баъди анҷоми ҷаласа ба дафтари кории Ҳимат Давлатович дароед, ман кӯшиш мекунам аз рӯи тобу тавони хеш ба ин суоли шумо ҷавоб гӯям...
-Яъне , файласуфи номдор ҳам дар посухи суол оҷиз монд гӯед, - изҳори нигаронӣ намуд Абдурашид.
-На, Одил Нодирович, инсони ниҳоят мулоҳизакор будааст ва гумон доштааст, ки нафари ба суолаш посух нагирифта хатои хешро фаҳмида, ҳаргиз ба назди вай намедарояд, вале ҳамааш баръакс шудааст ва ӯ ба дафтари кории котиби якуми ҳизб даромада, дуюмбора ҷӯёи суоли хеш шудааст чунки аз хирад фарсахҳо дур будааст ва мехостааст, ки файласуфро ба нодонӣ муттаҳам созад.





