Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт

ПЕШГУФТОР

Забони миллати тоҷик, яъне забони порсии дарӣ, ки минбаъд бо номи «забони тоҷикӣ» машҳур гардидааст, яке аз қадимтарин забонҳои дунё ва ғанотарин забон аз нигоҳи луғавӣ аст. Маҳз бо шарофати ниёгони барӯманди тоҷик ин забони латифу зебо борҳо аз кӯраи озмоишҳои басе сахти таърихӣ берун оварда шуда, нигаҳдорӣ ва бегазанд ба насли оянда интиқол дода шудааст.
Бар асоси маълумоти таърихшиносон, нахуствожаҳои забони тоҷикиро вожаҳои забони паҳлавӣ ташкил медиҳанд, ки он зиёда аз ҳазорсолаҳо пеш аз ин забони мардуми ориёии мо буда, вожаҳои ин забон дар китоби «Авесто» гирдоварӣ карда шудаанд. Забони порсии дарӣ, яъне забони тоҷикии имрӯза, ба назари бисёре аз пажӯҳишгарон ва ховаршиносон аз сарзаминҳои Хуросон ва Фарорӯд бархоста, дар ҳамин ҳавза парварда шудааст ва бисёре аз шаҳрҳои он, аз ҷумла Бухорову Балх, Самарқанду Ғазна, Ҳироту Нишопур, дергоҳе маркази илму адаб будаанд. Дар ташаккули забони порсии дарӣ ва рушди минбаъдаи он забонҳои бумии ин сарзаминҳо, бавижа забонҳои суғдию бохтарӣ нақши таъсиргузор доштаанд.
Баъдан, вобаста ба воқеаҳои таърихӣ ба захираи луғавии забони порсии дарӣ вожаҳои забонҳои дигар низ ҳамроҳ гардида, таркиби луғавии ин забонро афзун гардонидаанд. Аз ҷумла, шурӯъ аз асри VII, баъди сарзаминҳои Хуросон ва Фарорӯдро забт кардани араб, ба забони порсии дарӣ вожаҳои забони арабӣ ва тавассути ин забон, вожаҳои юнонӣ, лотинӣ, тайи асрҳои XIII-XVIII бо таъсири олимону шоирони порсизабони Ҳиндустон ва туркнажодони порсигӯй вожаҳои ҳиндию туркӣ низ ворид шудан гирифтанд ва ин равандҳо то оғози асри XX идома ёфтанд. Аз оғози асри XX то оғози асри XXI бо сабаби аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт шудани Осиёи Марказӣ, ташкил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ҳайати он таъсис дода шудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, ба таркиби забони тоҷикӣ вожаҳои русӣ ва тавассути забони русӣ баъзе вожаҳои аврупоӣ низ ворид гардиданд.
Ҳамин тариқ, ҳоло таркиби луғавии забони тоҷикиро дар баробари вожаҳои ноби тоҷикӣ, ҳамчунин вожаҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндӣ, русӣ, аврупоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, ки ин албатта, забони тоҷикиро ба як забони тавоно ва қобили баёни ҳар гуна маънию мафҳум табдил додааст.
Ҳамин тавр, забон падидаест, ки вобаста ба давру замон ҳамеша дар ҳоли рушду таҳаввул қарор дорад. Вай ҳам аз ҳисоби вожасозии дохилизабонӣ ва ҳам аз ҳисоби иқтибос гирифтани вожаву истилоҳот аз забонҳои дигар, ки бо мақсади баёни мафҳумҳои нав дар робита ба дигаргуниҳову навсозиҳои ҷомеаи башарӣ ба миён омадаанд, ғанӣ мегардад.
Бинобар ин, вазифаи муҳимму ҷонии соҳибзабонон дар ҳар як давраи таърихӣ аз он иборат аст, ки барои сохтани вожагони нав камари ҳиммат банданд ва аз ҳисоби ин вожагон таркиби луғавии забони миллиро ғанитар гардонанд.
Вожагони ҳар забони миллӣ аслан чизу ашё, ҳодисаву падида ва рӯйдоду воқеиятро ифода мекунанд ва ҳамаи он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, соҳаҳои илму фан ба вуҷуд меояд, ба воситаи вожаҳои нав баён карда мешавад.
Тавре дар боло зикр кардем, нахуствожаҳои забони тоҷикиро асосан вожаҳои паҳлавӣ, суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъдан дар натиҷаи истифодаи амалии забони тоҷикӣ вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, соҳаҳои илму фан ба вуҷуд омадааст, бо ворид гардонидани вожаҳои нави тоҷикӣ захираи луғавии забони тоҷикӣ афзунтар шудааст.

аз 155
навбатӣ