Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Туманпора пораи туман
Тунданво анвои тундмаза
Тундбо хӯроки тунд
Тундбод боди тунд (тез)
Тундгуфтор касе, ки гуфтори тезу бохашм дорад
Тунддуд дуди тунд (тези нафасгир)
Тундоба ҳар гуна моддаи обакии тундмаза, кислота
Тундовоз овози тунд (тез) доштагӣ
Тундпӯй рафтори тезу тунддошта
Тундрав тунд, яъне бо хашм раванда
Тундрафтор касе, ки рафтори тезу тундва бохашм дорад
Тундрӯд рӯди тундрав
Тундсухан касе, ки тезу тунд ва бохашм сухан мегӯяд
Тунукоба ҷойи тунуки оби дарё (баҳр, кӯл, уқёнус)
Тунукпарда пардаи тунук (нафис)
Тунукпӯст пӯсти тунук; пӯсти дорои тунук
Турунҷиш раванди турунҷидан, яъне, фишурда шудан; ожангидан
Туршбо хӯроки турш
Туршоба ҳар гуна моддаи обакии ткршмаза
Туршониш туршонидан, ба ҳоли туршӣ расонидан
Туршчеҳра касе, ки чеҳраи турш (гирифта) дорад
Тутшира шираи тут(ӣ)
Тухмдеҳ тухмдиҳанда, тухмҳосилкунанда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо