Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Афзоя зиёдкунанда, афзоишдиҳанда
Афзуна воситаи афзунгардонӣ (афзоишдиҳӣ)
Афзунгардонӣ зиёд кардани миқдори чизе
Афсонсанг/фасонсанг санге, ки бо он корд, дос, қайчӣ ва монанди инҳоро тез кунанд
Афшураафзор афзори афшурдан
Ахшиг нахустунсурҳои олам (об, оташ, хок, ҳаво)
Аҷаст ба сӯйи баръакс ҷаҳидан
Б
Багудозоварӣ ба ҳолати гудохта овардан
Бадавомад давида-давида омадан
Бадаврафт давида-давида рафтан
Бадавҷаст давида-давида ҷастан
Бадаркард бадар кардан, берун кардан
Бадбаст ниг.: бадпайваст
Бадбех бадкеш, бадсиришт, бадойин
Бадгувора бад гуворшаванда, бадҳазм
Бадгудоз бад гудохташаванда
Бадгуфтор касе, ки гуфтори бад дорад
Бадкуниш бадкор, бадкирдор
Бадоҳу бадҷинс
Бадпайваст пайвасти бад (нохуб, номувофик)
Бадраг бадсиришт
Бадюнг юнг (нафс)-и баддошта
Бажанг калид
Баёриш чора, тадбир, илоҷ
Бакашишоӣ ба кашиш даромадан
Бакордошт ба кор доштан, ба кор бурдан; истифода
Баландвок баландовоз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё