Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Ҷафидан пахш кардан, фишурдан
Ҷафиш ҷафидан, фишурдан
Ҷаҳафзор ниг.: ҷастафзор
Ҷаҳониш ба ҷаҳиш овардан; ҷаҳиш додан
Ҷоду абзори реза кардан (масалан, алаф, бехмева ва ғайра)
Ҷобурд ба ҷойе бурдани чизе
Ҷойгардонӣ иваз кардан ё тағйир додани ҷой (мавқеъ)
Ҷойгирифт ҷой (мавқеъ)-еро ишғол кардан
Ҷойдод ҷой додан, гузоштан, мондан
Ҷойкард ҷобаҷо кардан; андохтан
Ҷойрасон ба ҷой (макон) расонанда (дастраскунанда)
Ҷойрасонӣ ба ҷой (макон)-е расонидан (дастрас кардан)- чизе
Ҷонварӣ ҳар чизи зинда ғайр аз инсон
Ҷувозкунда кундаи ҷувоз (чӯби ғафси миёншикофта)
Ҷудобаст ҷудо-ҷудо бастан
Ҷудобофт ҷудо-ҷудо бофтан; ҷудо-ҷудо бофташуда
Ҷудогард ҷудо-ҷудо гарданда
Ҷудогардӣ ҷудо-ҷудо гаштан
Ҷудогардон(ак) воситаи аз ҳам ҷудо гардонидан
Ҷудогузор(ак) воситаи ҷудо-ҷудо гузорандаи чизе
Ҷудогузорӣ ҷудо-ҷудо гузоштан
Ҷудодид ҷудо- ҷудо дидан (ба воситае)
Ҷудодор(ак) воситаи аз ҳам дар фосилае ҷудо доштан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо