Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Яккасанҷиш як-як (ҷудо-ҷудо) санҷидан
Яккатофт якка-якка (ҷудо-ҷудо) тофтан (тоб додан)
Яккатохт якка-якка (ҷудо-ҷудо) тохтан
Яккахона хонаи якка (алоҳида, яклухт)
Яккаҷанг ҷанги якка ба якка
Якнавохт якзайл навохтан
Якнишебӣ шеб (нишеб)-и яксон
Якпартофт дар як лаҳза (онан) партофтан
Якпеч як печиш (тоб) доштан
Якпечиш якзайл печиш хӯрдан
Якравиш яксамта
Якрафт якзайл рафтан
Якраш як қулоч; ниг.: раш
Яксон якхела; якмаром
Яксӯдавӣ ба як сӯй давидан
Яксӯкашӣ ба як сӯй кашидан
Яксӯравӣ ба як сӯй рафтан
Яктоб як тоб (каҷӣ, хамӣ) доштан
Яктофт якзайл тофтан
Яктохт якзайл тохтан
Яктӯ дорои як тӯ, яъне табақа, яктабақа
Якшеб нишеби якзайл
Ялаёбӣ яла (раҳоӣ) ёфтан
Яламонӣ яла (кушода) мондани чизе
Яхбастагӣ хусусияти ях бастан доштан
Яхзамин замини яхин (пурях)
Яхистон ҷой (макон, мавзеъ)-и серях
Яхканиш канда шудани пораи ях аз тӯдаи ях
Яхкоҳиш паст шудани сатҳи ях (пирях)
Яхкӯчӣ кӯчидани яхпораҳо
Яхнигора нигора (манзара, нақш)-и яхӣ
Яхрафт ба ҳаракат омадани тӯдаи ях
Яхсутун сутуни ях (яхин)
Яхтӯда тӯдаи ях
Яхчаборон борони яхча-яхча; жола
Яхҷунбӣ ҷунбиши ях, ба ҳаракат омадани яхпораҳо
Яхшикаст шикасташавӣ (порашавӣ)-и тӯдаи ях

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо