Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Бардоб оби бард (сард)
Бардод супоридан
Бардиш баргаштан
Бардӯхт бахя кардан, васл кардан
Бардхона хонаи бард (сард), сардхона
Барёфт идрок, дарк кардан, фаҳм кардан
Барзад ба канор задан; ба ҳар сӯ задан; баргардонидан; гардонида шудан; қат кардан
Барзаниш ниг.: барзад
Баринбод боде, ки аз боло мевазад; боди шарқӣ. муқобили зеринбод
Баристоӣ истодагарӣ кардан, тоб овардан
Барканд канда гирифтан (масалан, пӯсти ҳайвонро)
Барканиш канда партофтан
Баркард ба бар кардан, ба тан пӯшидан; бар кардан, боло бардоштан
Баркашид баркаш кардан
Бармолиш бисёр молидан
Бармонд ба бар (тарафе) гирифта мондан
Бармонда ба бар (тарафе) гирифта мондашуда
Барнаомад боло набаромадан, тулӯъ накардан (масалан, Офтоб)
Барнишаст дар бар (паҳлу, канор) нишастан
Барнишаста дар бар (паҳлу, канор) нишаста
Барнишонӣ дар бар (паҳлу, канор) шинонидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё