Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Болорӯя рӯя (тараф)-и болои чиз
Болосӯ(й) сӯ (самт) ба боло доштагӣ
Болосӯйӣ ба боло сӯ (самт) доштан
Болорчӯб чӯби болорӣ
Болофишурӣ ба боло фишурдан (фишор овардан)
Болохест ба боло хестан (баланд шудан)
Болоҷаст ба боло ҷастан
Болоҷунбиш ҷунбиш (харакат) ба сӯйи боло
Болуда бузургшуда, афзуда
Бомгоҳ субҳдам, вақти саҳар
Бомнова новдони бом (новадоне, ки тавассути он оби борони дар бом ҷамъшуда мерезад)
Бонгоҳ ҷойи нигоҳубин (парвариш, табобат) кардан;
Борбардошт қобилияти чӣ қадар боло бардоштани бор
Боргирак қуттӣ аз тахта, оҳан ё картон барои гирифтани борҳои сабук
Борикнайча найчаи борик
Борикнова новдони борик
Борикроҳ роҳи борик
Борикрӯда рӯдаи борик; дорои рӯдаи борик
Боркард ба чизе бор кардани чизи дигар
Борқуттӣ ниг.: боргирак
Боровард бор овардан; ҳосил додан
Бороварӣ ниг.: боровард
Бороноба оби борон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё