Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Даррасид дар вақташ расида омадан; фаҳм кардан, пай бурдан
Даррафт ба дарун рафтан; ба поён рафтан
Дартукиш бо ангушти даст тукидан (кӯфтан)-и дар
Дарунандохт ба даруни чизе андохтани чизе
Дарунбаст дарун ба дарун бастан
Дарунбин асбоби муойина даруни бадан
Дарунбинӣ муойинаи даруни бадан
Дарунбофт ба дарун гузаронида бофтан
Дарунбурд ба дарун бурдан
Дарунгирист дарун-дарун гиристан
Дарунгирӣ ба дарун гирифтани чизе
Дарунгузашт ба дарун гузаштан
Дарунгузошт ба даруни якдигар гузоштан
Дарундид дидан (муойина)-и даруни чизе
Дарундод ба дарун додан
Дарункашӣ ба дарун кашидан (фурӯ бурдан)
Дарункофт кофта сӯрох кардани даруни чизе
Дарункӯфт ба даруни чизе кӯфтани чизи дигар (масалан, мех ба чӯб)
Дарунмонд ба даруни якдигар мондан
Дарунмоя мазмун, мундариҷа
Даруннамо воситаи намоён кардани даруни чизе
Даруннамоӣ намоён кардани даруни чизе
Даруннамуд намуди дарунӣ
Дарунниҳӣ ба дарун ниҳодан
Даруннишаст ба дарун нишастан, даруннишаст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё