Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гардид. Тавре ки муҳаққиқ таъкид мекунад: «вобастагии Аббосиён аз Осиёи Марказии форсӣ ва туркӣ ҳатто қавитар шуд. Бар хилофи эрониён, осиёимарказиҳо дар давраи Абумуслим лашкари минтақавиии абарқудратеро созмон дода буданд ва онро барои бартараф кардани ду хатари асосӣ, ки ба Аббосиён таҳдид мекарданд- яъне урдуҳои Умавиён ва Чин истифода карданд.
Вобастагии режими Аббосиён аз нерӯҳои Осиёи Марказӣ ва кормандони он идома меёфт. Вобастагии халифа аз Осиёи Марказию осиёимарказиҳо ба минтақа имконият дод, ки танҳо дар сарзаминҳои забткардаи арабҳо, низоми иҷтимоӣ ва иқтисодии худро комилан дастнозада нигоҳ доранд. Ин амал аз он итминон медод, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ ҳам нашъунамо карданро давом медод ва он аксари қудрат ва хусусиятҳои худро нигоҳ медошт ва оқибат ба худи хилофат таъсир мерасонд. Мисли он, ки фарҳанги юнонӣ Римро тасарруф карда буд, фарҳанги Осиёи Марказӣ акнун дар мавқее қарор дошт, ки Аббосиён ва пойтахти навашон Бағдодро ишғол намоянд».
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки забони тоҷикӣ, ки дар артиши Абумуслим (аз ҷумла сарбозони арабитабор) ҷорӣ ва ба таври васеъ истифода мешуд, баъдтар дар этногенези халқи тоҷик (дар даврони Сомониён) яке аз нақшҳои калидӣ бозид.

пешина
аз 335
навбатӣ