Ҷаҳони Тоҷикон

3.6. Чингизиёни бодиянишин зери таъсири стратегияи Сомониён
Агар арабҳои қурайшӣ дар асоси салоҳияти Қуръони Карим ва ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с), бо вуҷуди шумораи ками худ, хилофати васеъ ба вуҷуд оварда, онро дар тӯли чандин садсола бомуваффақият идора карда бошанд, пас муғулҳо дар асоси мақоми яса (ҳуқуқи даштии муғулҳо), биликҳо (гуфторҳои) Чингизхон ва сохти низомии давлати ӯ, сарфи назар аз шумораи ноқиси худ, дар тӯли асрҳо дар Дашти Бузург ва минтақаҳои шафати он дар Авруосиё ҳукмфармо буданд. Ин як давраи воридшавӣ ва рақобати шадиди Қуръони Карим ва Ясаи бузурги Чингизхон бо омезишҳои аҷиб ва печишҳои ғайричашмдошт (баъзан зишт) буд.
Хиёнати яке аз волиёни давлати паҳновари Хоразмшоҳиён, ки ворисони давлати Салҷуқиён буданд, нисбат ба корвони осоишта, вале бениҳоят бойи тиҷоратии бодиянишинон дар шаҳри ободи Ӯтрор ғазаб ва ташнагии интиқоми ҳокими салтанати Дашти Бузург ва фармондеҳони ҷангҷӯяш (нойонҳо)-ро ба миён овард. Дере нагузашта, онҳо ба монанди малахҳо ба ҳудуди ин давлати азим, лекин дохилан фарсудашуда, рехта, онро сарнагун карданд. Дар натиҷа онҳо низ, тадриҷан афсуни стратегияи Сомониён гаштанд. Ноустувории давлати Хоразмшоҳиён аз он иборат буд, ки онҳо аҳамияти стратегияи Сомониёнро дар идоракунии давлат нодида гирифтанд.
Тавре ки академик В. В. Бартолд менависад: «Сохтори сиёсии мусулмонони шарқӣ, ки онро Аббосиён эҷод кардаанд ва дар замони Тоҳириён ва Сомониён боз ҳам рушд ёфт, акнун ба таназзули комил расид. Тамоми мундариҷа аз бюрократия гирифта шуд; қишри низомӣ бо сарварии модари ҳоким, бо дорандаи қудрати олӣ дар душмании ошкоро буд; рӯҳониён шоҳро барои куштори Маҷдаддин (шогирди шайх Наҷмиддини Кубро, асосгузори таълимоти тасаввуфи «кубравия» -М. А.) ва фатвои маҷбурӣ алайҳи халифа бахшида наметавонистанд; мардуме, ки аз тарафи Муҳаммад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор