Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(Хоразмшоҳ-М.А.) аз юғи кофирон (қарахитоиён -М. А.) озод
карда шудааст, бар зидди озодкунандагонашон исён бардоштанд ва бо
ҷараёни хун пахш
карда шуданд. Пас Муҳаммад наметавонист ба ягон унсури
1
низоми ҳукумат ва ба ягон табақаи аҳолӣ такя кунад». Тавре аён
гардид, ҳеҷ яке аз ҳафт ҷузъи стратегияи Сомониён аз ҷониби
Хоразмшоҳиён пурра риоя карда нашуда, ҳамлаи хиёнаткорона ба
корвони тиҷоратии осоишта онҳоро ба роҳзанони нафратангез дар
роҳҳо монанд кард. Ба ибораи дигар, Хоразмшоҳиён, дар тафовут аз
дигар давлатҳои Варорӯд ва Хуросон, ки бо вуҷуди қаламрави
бепаҳнои худ ба стратегияи Сомониён беэътиноӣ карданд, ба осонӣ
қурбони ҳамлаҳои муғулҳо шуданд. Аз як тараф, ҳамлаи
хиёнаткорона ба корвони осоиштаи тиҷоратӣ аз ҷониби мансабдорони
воломақоми давлати Хоразмшоҳ ва, аз ҷониби дигар, қасосгирии
(вендеттаи) даштӣ, ки аз ҷониби асосгузори империяи бузурги
кӯчманчиён-Чингизхон, ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баланд бардошта
шуд, ки дар ибтидои асри XIII ба балоҳо, душвориҳо ва талафоти
бебозгашти моддӣ ва, алахусус, мероси маънавӣ ва фарҳангии халқи
тоҷик оварда расонд. Мутахассиси пешбар академик В.В. Бартолд дар
бораи ин шахсият тавсифи дақиқ додааст: «Ҷаҳонбинии Чингизхон
ҷаҳонбинии саркардаи роҳзанҳо буд, ки рафиқони худро ба сӯйи
пирӯзиҳо мебарад ва ба онҳо ғанимат медиҳад, тамоми мушкилиҳоро
бо онҳо паси сар мекунад, дар рӯзҳои бадбахтӣ ӯ омода аст, ҳама
чизро, ҳатто либос ва аспашро ба онҳо бидиҳад, дар рӯзҳои хушбахтӣ,
вай бо онҳо лаззати аз ҳама бузургро– ба аспи душманони кушташуда
нишастан ва занони онҳоро бӯсиданро эҳдо мекунад. Ваҳшии
фавқулода малакаҳои нодири ташкилотчигии худро дар доираи
васеътари одамон татбиқ карда, байни сифатҳое, ки барои сардори

пешина
аз 335
навбатӣ