Ҷаҳони Тоҷикон

гурӯҳи даҳнафарӣ ва сифатҳои идоракунии империя заруранд, тафовутро намедид».
Акнун Варорӯд ва Хуросон ва инчунин, дигар кишварҳои Авруосиё маҷбур буданд, ки, асосан, ба «майдони ҷанг, вақте ки ғолиб аспи душмани кушташударо савор шуда, ҳамсари ӯро бӯса кунад» табдил ёбанд.
То ба замони ҳамла ба давлатҳои Хоразмшоҳиён, Чингизхон ва атрофиёнаш, аллакай, мустақилона амал кардани яке аз ҷузъҳои стратегияи Сомониён – сарпарастӣ бар Шоҳроҳи Абрешимро шуруъ карда буданд. Дар ин бора мутахассиси соҳа маълумоти медиҳад, ки Хоразмшоҳ оид ба сарвати бузурги Чин ва ҳамлаи муғулҳо ба ин кишвар огоҳӣ ёфта, ба Чингизхон бо роҳбарии Баҳоуддин Розӣ сафорат мефиристад, ки вай бо хон дар Пекин мулоқот мекунад.
Чингизхон, шимоли Чини сарватмандро забт карда, то ҳол дар бораи юриши ғарбӣ фикр намекард ва изҳори хоҳиш менамояд, ки «тоҷирон озодона аз як кишвар ба кишвари дигар гузаранд». Дар сари ин корвони тиҷоратӣ ба Чин, бо сафири Хоразмшоҳ, ба гуфтаи Ҷувайнӣ, се тоҷир низ буд: Аҳмади Хуҷандӣ, «писари амир Ҳусайн»
ва Аҳмад Балхӣ, ки матоъҳои абрешимӣ, пахтагӣ ва матоъҳои машҳури зандониро бо худ бурда буданд». Дар солҳои аввали таъсиси давлати бодиянишинҳо Чингизхонро бисёр тоҷирони уйғур, инчунин аз Варорӯд, Хуросон ва ҳавзаи Тарим (Уйғуристон)-ро иҳота мекарданд. Хони муғулҳо, қабилаҳои бодиянишин ва давлатҳои онҳоро дар ғарб, то ибтидои асри XIII забт карда, ҳамсояи мустақими давлати бузурги Хоразмшоҳ гардид. Ин ҳолат ба мубодилаи зичи корвонҳои тиҷоратӣ дар байни ин ду ҳамсоя кишвар мусоидат кард, ки онро, пеш аз ҳама, тоҷирони ташаббускори Варорӯд ва Хуросон истифода мебурданд. Аз онҳо 450 нафар, ки ҳамашон тоҷирони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор